Трамп ба бемористон мунтақил шуд
Доналд Трамп, раисиҷумҳурии Амрико дар пайи ибтило ба вируси куруно, ба бемористони низомии Уолтера Рид (Walter Reed National Military Medical Center) дар Вашингтон мунтақил шуд.
Ба гузориши хабаргузории Форс, Кохи Сафед ҷумъашаб эълом кард, Трамп барои дармон чанд рӯзе дар бемористони низомии Уолтера Рид хоҳад буд.
Кохи Сафед ҳамчунин тасреҳ кард, Трамп қасд надорад ихтиёроти раёсатҷумҳуриро ба муовинаш Майк Пенс мунтақил кунад ва ҳамчунон бо вуҷуди беморӣ зимоми умурро дар даст хоҳад дошт.
Амалиёти интиқоли Трамп ба бемористони низомии Уолтера Рид, бо истифода аз болгард сурат гирифт. Пизишки Кохи Сафед низ эълом кард, Трамп аз субҳи ҷумъа таб дошта ва аз алоими хафифи ношӣ аз ибтило ба вируси куруно ранҷ мебурд.
Дар ҳамин ҳол пизишкон эълом кардаанд, ибтилоӣ Трампи 74 сола ба вирус куруно метавонад ба далели сини боло ва изофавазни нисбатан боло барои вай хатарнок бошад.
Доналд Трамп, раисичумҳури Амрикои панҷшанбешаб ба вақти маҳаллӣ дар “Твиттер” аз ибтилои худ ва ҳамсараш ба вируси куруно хабар дод.
Трамп соате пеш аз эъломи хабари мусбат шудани озмоиши куруноии худ дар “Твиттер”, аз мусбат шудани озмоиши куруноии Hope Hicks, яке аз дастёронаш хабар дода буд.
Амрико ҳамакнӯн дар садри кишварҳои ҷаҳон ҳам аз назари мизони шумори мубталоён ба вируси куруно ва ҳам аз назари мизони маргу мири ношӣ аз ин вирус қарор дорад.
Давлати Амрико, ки бисёр дертар аз кишварҳои дигар ба анҷоми озмоишҳои ташхиси ибтило ба вируси куруно рӯ оварда, дар ҳоли ҳозир ба далели шумори зиёди афроди бемор, бо камбӯди бастаҳои ташхисӣ ва таҷҳизоти пизишкӣ мувоҷеҳ шудааст.