Ҷавони эронӣ дар Фаронса шаҳрдор шуд
Октябр 04, 2020 13:38 Asia/Dushanbe
Барои нахустин бор як ҷавони эрониуласл дар Фаронса ба мақоми шаҳрдори як шаҳр расид.
Ба гузориши Спутник, ин ҷавони 30 сола Зартушт Бахтиёрӣ Муққадам ном дорад, ки муддате аст ба унвони шаҳрдор дар шаҳри Ню-Сюр-Марн дар қисмати шарқии Порис интихоб шудааст.
Ин ҷавони эронӣ ҳуқуқдон аст ва муваффақ шуд рақиби худро, ки собиқае 43 сола дар ин мақом дошт шикаст диҳад.
Ин вакили ҷавон аз соли 2010 бо ташкили як анҷуман, хадамоти чашмгире барои мардуми ин шаҳр анҷом дода буд ва дар интихоботи пешини соли 2014 низ сарфеҳрасти номзадҳо буд ва дар ниҳоят дар соли 2020 бо касби ҳаддиаксари оро тавонист бар курсии шаҳрдории шаҳр такя диҳад.