Оғози бомбаборонҳо ва ҳушдор барои тахлияи шаҳрҳо дар ҷумҳурии Озрбойҷон
Раиси худхондаи ҳукумати минтақаи Қарабоғи Кӯҳистонӣ аз бомбаборони мавозеи низомӣ дар шаҳрҳои бузурги ҷумҳурии Озарбойҷон хабар дод ва аз сокинони ин манотиқ хост барои дар амон мондан, шаҳрҳоро тарк кунанд.
Ба гузориши хабаргузории Форс, ҳукумати минтақаи мавриди муноқишаи Қарабоғи Кӯҳистонӣ муддаи шуд, ки фурӯдгоҳи низомии шаҳри Ганҷа, дувумин шаҳри бузурги ҷумҳурии Озарбойҷонро ҳадаф қарор додааст.
Раис ҳукумати минтақаи мавриди муноқишаи Қарабоғи Кӯҳистонӣ дар айни ҳол ҳукумати Бокуро масъули ҳар гуна талафоти ғайринизомиён дониста ва ҷумҳурии Озарбойҷонро ба бомбаборони ғайринизомиён дар маркази Қарабоғ муттаҳамикард.
Дар ҳамин ҳол, вазорати хориҷаи ҷумҳурии Озарбойҷон низ эълом кард, ки артиши Арманистони иқдом ба ҳадаф қарор додани шаҳрҳои Тартар, Балйқон ва Ганҷа карда аст, ки дар ин ҳамалот 22 ғайри низомӣ кушта ва 74 тани дигар захмӣ шудаанд.
Фаҳрам Богосян, муовини раиси худхондаи Қарабоғ низ муддаӣ шуд, ки ҷангандаҳои F16 Туркия дар фурӯдгоҳи низомии Ганҷа мустақар ҳастанд.
Даври ҷадиди даргириҳои марзии ҷумҳурии Озарбойҷон ва Арманистон бар сари минтақаи мавриди муноқишаи Қарабоғ аз бомдоди 27 сентябр оғоз шудааст.