Алиев: Бидуни ақибнишинии Арманистон аз Қарабоғ музокира намекунем
(last modified Mon, 05 Oct 2020 05:01:19 GMT )
Октябр 05, 2020 10:01 Asia/Dushanbe
  • Алиев: Бидуни ақибнишинии Арманистон аз Қарабоғ музокира намекунем

Президенти ҷумҳурии Озарбойҷон дар сафҳаи Твиттери худ навишт: Танҳо дар сурати хуруҷи нерӯҳои арманӣ аз минтақаи Қарабоғ ҳозир ба гуфту‌гӯ аст.

Ба гузориши хабаргузории “Форс”, Илҳом Алиев ҳамчунин навишт, ки Арманистон бояд бипазирад, минтақаи Қарабоғ бахше аз он кишвар нест ва бояд дар як ҷадвали замонӣ аз ин минтақа ақибнишинӣ кунад.

Алиев дар идома навишт, ки бархе мақомҳои аврупоӣ масъули шароити ба вуҷудомада ҳастанду даст ба интишори шойеъа ва дуруғ дар бораи ҷумҳурии Озарбойҷон мезананд.

Илҳом Алиев ҳамчунин рафтори кишварҳои аврупоиро зидди сулҳ донисту аз кишварҳои маҷмӯаи Минск (умдатан Русия, Амрико, Фаронса ва  Иттиҳодияи Аврупо ) хост то бар Арманистон фишор оваранд.

Даргирӣ миёни низомиёни Арманистон ва ҷумҳурии Озарбойҷон дар марзҳои муштараки ду кишвар рӯзи як шанбеи гузашта аз сар гирифта шуд ва ҳар як аз тарафайни дигареро ба оғози ҷанг муттаҳам карданд.