Интиқоли Трамп ба бахши (ойсию) ICU
https://parstoday.ir/tg/news/world-i58068-Интиқоли_Трамп_ба_бахши_(ойсию)_icu
Раиси Ҷумҳурии Амрико аз рӯзи ҷумъаи пеш ба корона мубтало шуда ба бахши муроқибатҳои вижаи "ICU " бемористон интиқол ёфтааст.
(last modified 2025-01-16T07:54:01+00:00 )
Октябр 05, 2020 18:14 Asia/Dushanbe
  • Интиқоли Трамп ба бахши (ойсию) ICU

Раиси Ҷумҳурии Амрико аз рӯзи ҷумъаи пеш ба корона мубтало шуда ба бахши муроқибатҳои вижаи "ICU " бемористон интиқол ёфтааст.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои  Хуросон ба нақл аз рӯзномаи саҳюнистии Исроили Hume, Раиси Ҷумҳурии Амрико Доналд Трамп қабл аз интиқол ба ICU бемористони низомии Волтеррид, ихтиёрот ва қудрати худро ба сурати мактуб ба Майк Пенс муовини худ вогузор кардааст .
Мақомоти Кохи Сафед  ин хабарро такзиб кардаанд .    
Тести коронаии Доналд Трамп ва ҳамсараши Милания, рӯзи ҷумъаи ҳафтаи гузашта  мусбат эълом шуд ва дар ин муддат  ахбору гузоришҳои зидду нақизӣ дар бораи вазъияти Трамп мунташир шудааст .
Ҳамчунин дар се рӯзи ахир  гузоришҳое аз ибтилои  дасти кам  9 тан аз коркунон, хабарнигорон ва намояндагони конгресс, ки дар Кохи Сафед ҳузур доштаанд таъид шудааст .
Бо гузашти рӯзҳои бештаре аз бемории Трамп, олуда будани шумори бештаре аз атрофиёни вай исбот мешавад .
Дар рӯзҳои мунтаҳӣ ба озмоиши мусбати вай,Раиси Ҷумҳурии Амрико  сафарҳои зиёдеро анҷом дода ва бо даҳҳо нафар  тамоси наздик доштааст .