Октябр 06, 2020 09:53 Asia/Dushanbe
  • Бозгашти раисҷумҳури Амрико ба Кохи Сафед

Раиси ҷумҳурии Амрико асри рӯзи душанбе (ба вақти Вашингтон) бемористони Волтер Ред дар ҳумаи Вашингтонро тарк карду ба Кохи Сафед бозгашт.

Ба гузориши хабаргузории “Форс”, Доналд Трамп, раисҷумҳури Амрико, ки субҳи рӯзи панҷшанбе ибтилои худро ба вируси корона эълом карда буд ва рӯзи ҷумъа ба далели вахомати авзоъ ба бемористони низомии Волтер Ред мунтақил шуда буд, асри рӯзи душанбе (ба вақти Вашингтон) аз бемористон мурраххас шуду ба Кохи Сафед бозгашт.

Трамп ба иллати ибтило ба вируси корона аз ҷумъашаб дар бемористони Волтер Ред ба сар мебурд. Ӯ пас аз моҳҳо инкор ва дастикам гирифтани вируси корона, ба ин вирус мубтало шудааст.

Бисёри ин нигарониро доранд, ки Трамп бо тавваҷуҳ ба собиқаи риоят накардани дастуруламалҳои беҳдоштӣ, боиси ибтилои бештари коркунони Кохи Сафед ба ин вируси маргбор шавад.