Октябр 06, 2020 11:47 Asia/Dushanbe
  • Ҷоизаи Нобели пизишкӣ ба кошифони вируси ҳипотити C расид

Се кошифи вируси ҳипотити C муваффақ шуданд Нобели пизишкии 2020-ро ба даст биоваранд.

Ба гузориши сайти Нобел, Ҳарви Олтер, Майкл Ҳоутон ва Чарлз Райс барои кашфи вируси ҳипотити C муваффақ ба дарёфти ҷоизаи Нобели пизишкии 2020 шуданд.

Ҳарви Олтер, муҳаққиқи пизишкӣ, вирусшинос ва пизишки амрикоии 85 сола ва Майкл Ҳоутон, муҳаққиқи англис аст, ки ба ҳамроҳи се нафар аз ҳамкоронаш дар соли 1989 ҳипотити C - ро кашф карданд.

Чарлз Райс низ вирусшиноси 68 солаи амрикоӣ ва устоди вирусшиносии донишгоҳи Рокфеллер аст, ки ҳипотити C ҳавзаи аслии таҳқиқоти ӯ аст ва дар соли 2016 низ барандаи ҷоизае илмӣ шуд.

Иктишофоти ин муҳаққиқон ба шиносоии вируси ҳипотити C мунҷар шуд.

Қабл аз пажӯҳишҳои ин афрод, кашфи вирусҳои ҳипотити A ва B гомҳои муҳиме дар ҳавзаи пизишкӣ буд, аммо ҳануз барои бештари намунаҳои интиқоли ҳипотит дар хун тавзеҳе вуҷуд надошт.

Кашфи ҳипотити C далеле барои ибтило ба ҳипотити музминро фош карду дар натиҷаи он, тестҳои хуну доруҳои ҷадиде тавсеъа ёфт, ки ҷони миллионҳо инсонро наҷот дод.