Октябр 06, 2020 14:33 Asia/Dushanbe
  • Мардуми ҷаҳон аз 21 то 24 октябр бадахлоқ мешаванд

Донишмандони рус дар мавриди вуқуи тӯфонҳои хуршедӣ дар авохири моҳи октябр, ки оризаҳоеро барои инсонҳо ба ҳамроҳ дорад, ҳушдор доданд.

Ба гузориши ИРНА, хабаргузории РИА Новости рӯзи сешанбе дар гузорише ба нақл аз донишмандони озмоишгоҳи расадшиносии хуршедии Институти физикаи Академияи улуми Русия навишт: Аз рӯзи 21 то 24 моҳи октябр тӯфони хуршедии заифн ба вуҷуд меояд, ки барои бисёре аз мардуми ҷаҳон ихтилолоти хулқӣ ва равонӣ фароҳам хоҳад кард.

Рӯзи 25 моҳи октябр шиддати тӯфони хуршедӣ афзоиш хоҳад ёфт ва пас аз он вазъият одӣ хоҳад шуд.

Тӯфонҳои миғнотисӣ метавонад мӯҷиби коҳишу афзоиши фишори хун, мигрен ва бехобии мардуми замин шаваду таъсироти нохушоянде бар зиндагии онон бигузорад.

Донишмандон мегӯянд, ҷараққаҳои ношӣ аз тӯфонҳои хуршедӣ ва амвоҷи миғнотисӣ сабаби бурузи ихтилолоти равонӣ дар сутӯҳи мухталиф мешавад.

Дар байни гурӯҳҳои мухталифи мардум, солхурдагону навҷавонон нисбат ба таъсироти фазоӣ ҳассостар ҳастанд.

Донишмандон ҳамчунин ба таъсири тӯфонҳои хуршедӣ дар фаъолияти ҷиҳатёбии ҳайвоноту парандагон ҳам пай бурдаанд, ки мумкин аст кӯчи фаслии парандагонро мухтал кунад.

 

 

 

Барчасп