Октябр 06, 2020 16:50 Asia/Dushanbe
  • Даргирии Қафқоз, мушакборони Ганҷа ва ёде аз Низомии Ганҷавӣ

Ду рӯз пеш шаҳри Ганҷа дар натиҷаи даргирӣ миёни Озарбойҷон ва Арманистон мушакборон шуд ва мутаасифона беш аз як ҳафта аст, ки минтақаи Қафқоз дучори ҷанг шудааст.

Ба гузориши Садои  Хуросон, Ганҷа  шаҳри Ҳаким  Низомии Ганҷавӣ, соҳиби Хамса, ки яке аз панҷ сутуни муҳимми адабиёти форсӣ аст, ки аз вай бо унвони ҳаким ёд мешавад, ки ба ростии ҳақи  ҳам ин аст. Низомӣ дар зумраи гӯяндагони тавонои  шеъри порсӣ аст, ки на танҳо дороии равиш ва сабке  ҷудогона аст, балки таъсири шеваи у бар шеъри порсӣ низ дар шоирони пас аз ӯ ошкоро пайдост . Низомӣ аз донишҳои роиҷи рӯзгори хеш ( улуми адабӣ, нуҷум , фалсафа, улуми исломӣ, фиқҳ, калому забони араб ) огоҳии густардае дошта ва ин вижагӣ аз шеъри ӯ ба равшанӣ дониста мешавад . Рӯзи 21 исфанд (  11 март ) дар тақвими расмии Эрон  рӯзи бузургдошти Низомии Ганҷвӣ аст; ҳамчунин Хоқонии Шервонӣ аз ҳамин ноҳия аст . Шуаро ва муттафакироне, ки ҳанӯз андешаҳои сабз ва зулолшон барои ҳамаи мардуми фориғ аз нажоду қавмият ва забони дӯст доштанӣ буда ва ҳаст .
Басе ҷои таассуф аст, ки чандин даҳа аст минтақаи Қафқоз ва ҳамчунин Ховари миёна пасрафт дошта ва гуфтимони инсоният таоиш ва ҳамзистӣ , ба хотири каҷсалиқагии раҳбарон ва сиёсиён ва барномарезии тоҷирони аслаҳа, ҷои  худро ба нафрати пароканиҳои қавмиятӣ дода ва шоҳиди зуҳури аҳзобу гурӯҳҳое дар минтақа ҳастем, ки саъй дар таназзули гуфтимони дӯстӣ ва таоишу ҷойгузинии вогароиҳои шовенистӣ ва қавми меҳварона доранд, ки натиҷааш ҷуз барафрӯхта шудани шӯълаҳои ҷанг нест .
Меҳанпарастии  ифротӣ ва митезаҷӯ, ва эътиқоди кӯур ба бартарӣ ва шикваи нажоду нафии дигаре, чизе аст ки дар шиорҳоии ин рӯзҳо дида мешавад. Ба қавли Мавлавӣ :
Сахтгирӣ ва таассуб хомӣ аст 
То ҷанине, кори хун ошомӣ аст