Ҷанг дар минтақаи Қарабоғ даҳрӯза шуд
(last modified 2020-10-06T12:07:42+00:00 )
Октябр 06, 2020 17:07 Asia/Dushanbe
  • Ҷанг дар минтақаи Қарабоғ даҳрӯза шуд

Даргириҳои Арманистон ва Ҷумҳурии Озарбойҷон бар сари минтақаи Қарабоғ ба инҳидоми таҷҳизоти низомии артиши Ереван идома дорад.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз хабаргузории Садо  ва Симо; Вазорати Дифои Ҷумҳурии Озарбойҷон  рӯзи сешанбе дар пойгоҳи хабарии худ аз инҳидоми ду мушакандоз ва як воҳиди тӯпхонае дар минтақаи даргирӣ ва анбори марказии таслеҳоти Арманистон дар минтақаи "Балуҷа" хабар дод .
"Воқиф Даргаҳлӣ", раҳбари департаменти иттилооти Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Озарбойҷон, даъвои Арманистон дар бораи кушта шудани 200 нерӯи озариро дар задухӯрдҳои рӯзи душанбе рад кард ва гуфт: "Даргириҳо дар ҳама сатрҳо идома доранд, алахусус дар минтақаҳои Ҷабраил ва Физулӣ."
Ин дар ҳоле аст, ки сухангӯи  Вазорати Дифои Арманистон  субҳи имрӯз аз барқарории оромиш дар марз бо Ҷумҳурии Озарбойҷон хабар дод .

"Шушан Степаниан" дар паёме дар сафҳаи Твиттери худ навиштааст:  " баъд аз чандини дархости ҷомеаи байналмилал барои оташбаси фаврӣ дар минтақаи мавриди муноқишаи Нагоргий Карабах, шаби нисбатан  ороме дар марз  доштем ва дар сурати танишҳои бештар, ҳамаи масъулият  бар ӯҳдаи раҳбарии низомӣ-сиёсии Озарбойҷон  хоҳад  буд" .
Аз сӯи  дигар Вазири умури хориҷаи Русия «Сергей Лавров » аз омодагии Маскав барои мизбонии нишасти   дипломатҳои аршади Ҷумҳурии Озарбойҷон ва Арманистон дар бори минтақаи мавриди муноқиша « Қарабоғи Кӯҳистонӣ » хабар дод .
Лавров зимни ибрози нигаронӣ аз афзоиши шумори талафоти ғайринизомиён дар даргириҳои минтақаи Қарабоғ, оташбаси фаврии миёни ду кишвари Арманистону ва Ҷумҳурии Озарбойҷонро хостор шуд .
Муноқишаи ҷадид  миёни Ҷумҳурии Озарбойҷон ва Арманистон  бар сари минтақаи Қарабоғ  бори дигар аз субҳи якшанбеи 27 сентябр бо оташ гушудани нерӯҳои ду тараф оғоз шуда ва ҳамчнон идома дорад ва ҳар як аз тарафайн  дигариро оғозгари ҷанг муаррифӣ мекунад .
Минтақаи мавриди муноқишаи Қарабоғ, тобистони 2014, апрели 2016 ва июли гузашта низ саҳнаи даргирии нерӯҳои ду тараф буд .

Барчасп