Октябр 07, 2020 19:28 Asia/Dushanbe
  • Шикояти Чин аз Амрико ба созмонҳои байналмилалӣ

Намояндагони Чин дар ду ниҳоди байналмилалии сиёсӣ ва иқтисодии ҷаҳон, Созмони Милали Муттаҳид ва Созмони Ҷаҳонии Тиҷорат, ба ҳукумати ИМА алоҳида шикоят карданд.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои  Хуросон ба нақл аз ИРНА, дар ҳоле ки намояндаи доимии Чин дар Созмони Милал аз муъзалоти ҳуқуқи башарӣ дар Иёлоти Муттаҳида ба СММ шикоят кард, дар ҳамин ҳол  намояндаи ин кишвар дар Созмони Тиҷорати Ҷаҳонӣ низ маҳдудиятҳои Амрико  алайҳи апликейшенҳои Tic Tac ва Weichat муқаррароти ин ниҳодро нақз мекунанд.
Чжан Ҷун, намояндаи доимии Чин дар Созмони Милали Муттаҳид, аз Кумитаи сеюми Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид даъват кард, ки масъалаҳои иҷтимоӣ ва башардӯстонаро дар Иёлоти Муттаҳида ҳал кунад ва хостори қатънома дар бораи табъизи нажодӣ дар Иёлоти Муттаҳида шавад.

Вай хитоб ба Амрико дар Созмон милал гуфт : " сарзаниши дигарон , мушкилоти шуморо ҳал намекунад ё шикастҳои шуморо пинҳон намекунад . Шумо наметавонед бо сарзаниши Чин, вазъияти бади инсонии худро пинҳон кунед." 
Чин ҳамчунин дар як нишасти Созмони Ҷаҳонии Тиҷорат ( WTO ) бо эътироз  алайҳи мамнӯъияти давлати Амрико  алайҳи апликейшенҳои Tic Tac ва Weichat  ин маҳдудиятҳоро ноқизи муқаррароти ин ниҳод эълом кард .
Давлати Трамп бо истинод ба нигарониҳои Амнияти миллӣ, дастур додааст донлуди апликейшенҳои Tic Tac ва Weichat , ки мутаъаллиқ ба ширкатҳои чинӣ аст дар ин кишвар баста шавад аммо қазоати амрикоӣ алайҳи иҷроии фармони Раиси Ҷумҳурии Амрико раъй додаанд.  

Барчасп