Октябр 11, 2016 21:19 Asia/Dushanbe
  • Аҳли суннати Покистон, муҳофизони азодорони Ҳусайнӣ дар Тосуо

Раҳбарони аҳли суннати Покистон эълом карданд, пешопеши ҳайъатҳои азодории шиаён ҳаракат мекунанд, то аз бародарони худ дар муқобили ҳамалоти эҳтимолии террористӣ ҳифозат кунанд.

Ба иттилои хабаргузории Форс, ҳамзамон бо Тосуо ва Ошурои Ҳусайнӣ дар саросари Покистон ҳайъатҳои бузурги азодории имом Ҳусайн (а) таҳти тадобири шадиди амниятӣ дар суги шаҳодати мазлумонаи ҳазрати Саидалшуҳадо (а) бар сару сина мезананд .

Ҳазорон нафар аз нерӯҳои полис ва таковарони артиш амнияти ҳайъатҳои азодориро таъмин мекунанд ва афзун бар ин имсол аҳли суннати Покистон низ ҳифозат аз азодорони Ҳусайниро ба уҳда гирифтаанд.

Тактирандозҳои артиш низ дар сохтмонҳои маҳалли убури ҳайъатҳои азодорӣ истиқрор ёфтаанд .

Беш аз 15 ҳазор нерӯи амниятӣ ҳифозат аз ҳайъатҳои азодории Ҳусайнӣ дар Покистонро ба уҳда доранд ва шаш ҳазор полис ва нерӯи артиш низ ба онҳо кумак мекунанд .

Рӯзи Тосуо тақрибан беш аз 129 ҳазор ҳайъати азодорӣ дар Покистон дар хиёбонҳо ва ҳусайнияҳои ин кишвар дар шаҳодати мазлумонаи наводаи бузургвори расули Худо имом Ҳусайн (а) ойинҳои вижаи сугвории моҳи Муҳаррамро баргузор мекунанд .