Октябр 08, 2020 20:48 Asia/Dushanbe
  • Шикояти Чин аз Амрико ба Созмонҳои байналмилалӣ

Намояндагони Чин дар ду ниҳоди байналмилалии сиёсӣ ва иқтисодии ҷаҳон, яъне Созмони Милал ва Созмони тиҷорати ҷаҳонӣ ба таври ҷудогона аз давлати Амрико шикоят карданд.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз Ирна, дар ҳоле ки намояндаи доимии Чин дар Созмони Милал аз муаззалоти ҳуқуқи башарӣ дар Иёлоти Муттаҳида ба Созмони Милал шикоят кард, дар ҳамин ҳол намояндаи ин кишвар дар Созмони тиҷорати ҷаҳонӣ низ маҳдудиятҳои Амрико алайҳи апликейшенҳои Тик -Ток ва Вей Чатро  нақзи муқаррароти ин ниҳод эълом кард. 

Жонг Жун намояндаи доимии Чин дар Созмони Миллали Муттаҳид аз комитаи саввуми Маҷмаи Умумии Созмони Миллали Муттаҳид хост, ки ба мушкилоти иҷтимоӣ ва башардӯстона дар Амрико расидагӣ кунад ва хостори қатъномае дар робита бо мавриди табъизи нажодӣ дар Иёлоти Муттаҳида шавад. 

Вай хитоб ба Амрико дар Созмони Миллал гуфт: "сарзаниши дигарон, мушкилоти Шуморо ҳал намекунад ё шикастҳои Шуморо пинҳон намекунад. Шумо наметавонед бо сарзаниши Чин, вазъияти бади инсонии худро пинҳон кунед" 

Чин ҳамчунин дар як нишасти Созмони ҷаҳонии тиҷорат (WTO) бо эътироз алайҳи мамнӯияти давлати Амрико алайҳи апликейшенҳои Тик-Ток ва Вей Чат, ин маҳдудиятро нақзи муқаррароти ин ниҳод эълом кард.

Давлати Трамп бо истинод ба нигарониҳои амнияти миллӣ, дастур дода аст донлуди апликейшенҳои Тик-Ток ва Вей Чат, ки мутааллиқ ба ширкатҳои чинӣ аст дар ин кишвар баста шавад, аммо додрасҳои амрикоӣ алайҳи иҷрои фармони раиси ҷумҳурии Амрико рай додаанд.

Барчасп