Октябр 09, 2020 20:54 Asia/Dushanbe
  • Эҳтимоли эъломи оташбас дар Қарабоғ

Дафтари раёсати ҷумҳурии Фаронса аз эҳтимоли барқарории оташ миёни Арманистон ва ҷумҳурии Озарбойҷон дар минтақаи Қарабоғ хабар дод.

Ба гузориши хабаргузории Фаронса, Кохи Элиза дар баёнияе эълом кард, ки тарафҳои даргир дар минтақаи Қарабоғ дар ҳоли ҳаракат ба самти барқарории оташбас ҳастанду имрӯз (ҷумъа) ё фардо (шанбе) эҳтимол дорад дар Қарабоғ оташбас барқарор шавад.

Дар чанд рӯзи ахир кишварҳои мухталиф, аз ҷумла Русия дар талош барои барқарории оташбас дар минтақаи Қарабоғ ҳастанд то музокирот миёни ду тараф оғоз шавад.

Михаил Мишустин, нахуствазири Русия рӯзи ҷумъа вориди Ереван, пойтахти Арманистон шуд то дар заминаи коҳиши танишҳо ва оташбас бо мақомоти арманӣ ройзанӣ кунад.

Даргириҳо байни ҷумҳурии Озарбойҷон ва Арманистон дар минтақаи Қарабоғ аз бомдоди якшанбе 27 сентябр аз сар гирифта шудаву то кунун боиси кушта шудани шуморе аз тарафайн шудааст.

То кунун бисёре аз кишварҳо, аз ҷумла Ҷумҳурии исломии Эрон ва Тоҷикистон таваққуфи даргириҳо ва оғози гуфтугӯ миёни Боку ва Ереванро хостор шудаанд.

 

 

 

 

Барчасп