Оташбас дар Қарабоғ барқарор шуд
Пас аз 13 рӯз даргирии низомии миёни ҷумҳурии Озарбойҷон ва Арманистон, вазири хориҷаи Русия бомдоди шанбе аз тавофуқ бар сари таваққуфи даргириҳо ва барқарории оташбас дар минтақаи мавриди муноқишаи Қарабоғ хабар дод.
Ба гузориши хабаргузории Форс, Сергей Лавров бо эъломи хабари тавофуқи ҷумҳурии Озарбойҷон ва Арманистон барои барқарории оташбас дар минтақаи Қарабоғ гуфт, ин оташбас аз нимашаби 10 октябр оғоз шудааст .
Лавров пас аз нишасти сеҷонибаи вазирони хориҷаи ҷумҳурии Озарбойҷон, Арманистон ва Русия дар Маскав, ки 10 соат ба тӯл анҷомид бо қароати баёнияи муштараки ин нишаст эълом кард, Кумитаи байналмилалии Салиби Сурх нақши миёнҷӣ миёни ҷумҳурии Озарбойҷон ва Арманистонро ифо ва бар ин оташбас назорат хоҳад кард.
Бар асоси ин баёния, ин оташбас бо аҳдофи башардӯстона аз ҷумла табодули асирон, ҷамъоварии аҷсоди кушта шудагон дар манотиқи даргирӣ ва кумак ба ғайринизомиёни осебдида дар ин даргириҳо барқарор шудааст.
Маскав рӯзи ҷумъа мизбони нишасти сеҷонибаи вазирони хориҷаи ҷумҳурии Озарбойҷон, Арманистон ва Русия буд.
Вазирони хориҷаи Арманистон ва ҷумҳурии Озарбойҷон ба даъвати Владимир Путин, раисиҷумҳури Русия ба Маскав сафар карданд то дар хусӯси имкони поён додан ба даргириҳо дар минтақаи Қарабоғ гуфтугӯ кунанд.
Даргириҳо байни ҷумҳурии Озарбойҷон ва Арманистон дар минтақаи Қарабоғ аз бомдоди якшанбе 27 сентябр аз сар гирифта ва боиси кушта шудани шуморе аз тарафайн шуд.