Рекорди ҷадиди ибтило ба вируси корона дар Русия
https://parstoday.ir/tg/news/world-i58209-Рекорди_ҷадиди_ибтило_ба_вируси_корона_дар_Русия
Русия дар 24 соат аз назари шумори мубталоён ба Ковид -19 ба рекорди ҷадид даст ёфт.
(last modified 2025-10-08T05:00:18+00:00 )
Октябр 10, 2020 14:40 Asia/Dushanbe
  • Рекорди ҷадиди ибтило ба вируси корона дар Русия

Русия дар 24 соат аз назари шумори мубталоён ба Ковид -19 ба рекорди ҷадид даст ёфт.

Ба гузориши хабаргузории « ТАСС», ситоди амалиётии пешгирӣ ва кантроли вируси корона дар Русия, рӯзи ( шанбе ) эълом кард; теъдоди мавориди ҷадиди шиносоишуда аз уфунати вируси корона дар миёни шаҳрвандони иӣн кишвар дар тӯли як рӯзи гузашта, 12 ҳазору 846 афзоиш ёфт, ки ин рақам, бештарини мизони ибтилоии рӯзона, аз ибтидоии шуюъи ин бемории ҳамагир дар Русия аст .
Сабти ин рекорди ҷадид дар ҳоле аст, ки рӯзи ҷумъа  мавориди ибтилоии ҷадид дар Русия, 12 ҳазору 126 нафар гузориш шуда буд .
 Дар ҳоли ҳозир  246 ҳазору 428 нафар дар саросари федератсияи  Русия  ҳамчунони таҳти дармон ҳастанд .
Аз ибтидои  эпидемияи корона дар Рӯсия токунун, 22 ҳазору 454 ҷони худро аз даст додаанд .