Октябр 10, 2020 18:20 Asia/Dushanbe
  • Пелоси: Қарзи молиётии Трамп таҳдид ба амнияти миллии Амрикост

Раиси маҷлиси намояндагони Амрико, қарзҳои молиётии раиси ҷумҳурии ин кишварро таҳдиде барои амнияти миллӣ тавсиф кард.

 "Ненси Пелоси", раиси маҷлиси намояндагони Амрико дар мусоҳибае бо рӯзномаи Ню-Йорк  таймс  дар хусуси фирори молиётии раиси ҷумҳурии ин кишвар Доналд Трамп гуфт :  ӯ беш аз 400 миллион доллар қарз дорад.   
Мақомҳои собиқи иттилоотии Амрико, бо истинод ба гузориши ахири рӯзномаи Ню-Йорк  таймс эълом карданд Трамп даргири ҷанг бо созмони умури молиётӣ аст, ки метавонад 100 миллион доллари дигар барои ӯ ҳазина дошта бошад .
Тибқи гуфтаи бархе мақомҳои собиқи иттилоотии Амрико, қарзи 421 миллион долларии Трамп дар 4 соли оянда метавонад хатароти амнияти миллиро барои ӣин кишвар эҷод кунад .
Рӯзномаи Ню-Йорк  таймс  4 октябр дар гузорише, бо истинод ба асноди молиётӣ фош кард, ки Трамп пеш аз баргузории интихоботи раёсати ҷумҳурии соли  2016 тавониста ба муддати 10 то 15 сол аз пардохти молиёт худдорӣ кунад ва дар нахустин соли ҳузураш дар Кохи Сафед ( 2017 ) танҳо 750 доллар  молиёт бар даромад пардохт кардааст .
Ифшогарии рӯзномаи Ню-Йорк  таймс дар бораи фирори молиётии Трамп, чанд ҳафта  монда ба баргузории интихоботи раёсати ҷумҳурии Амрико дар сеюми ноябри 2020 дар ҳоле бо вокунишҳои расонаӣ ва сиёсӣ рӯ ба рӯ шудааст, ки вай ҳамвора саъй карда изҳорномаҳои молиётии кору касби худро мунташир накарда ва оморҳоро китмон кунад .

Барчасп