Даргирӣ дар Қарабоғ пас аз эъломи оташбас
Даргириҳо дар минтақаи мавриди муноқишаи Қарабоғ бо гузашти 12 соат аз эъломи оташбас байни ҷумҳурии Озарбойҷон ва Арманистон ҳамчунон идома дорад.
Ба гузориши хабаргузории “Спутник”, пас аз тавофуқи оташбас дар минтақаи мавриди муноқишаи Қрабоғ миёни Ереван ва Боку, бомдоди якшанбе садои чанд инфиҷор дар шаҳри Степанакерт ё Хонкенди, маркази минтақаи Қарабоғ шунида шуд.
Ба нақл аз расонаҳои минтақа, артиши Арманистон бо вуҷуди тавофуқи оташбас, шаҳри Ганҷа, дувумин шаҳри бузурги ҷумҳурии Озарбойҷонро бо мушак ҳадаф қарор додааст.
Даргириҳои ҷадид байни ҷумҳурии Озарбойҷон ва Арманистон 27 сентябр дар минтақаи мавриди муноқишаи Қарабоғ оғоз шуда буд.
Пас аз 14 рӯз дар нишасти Маскав вузарои хориҷаи Арманистон, ҷумҳурии Озарбойҷон ва Русия бо якдигар тавофуқ карданд, ки аз соати 12 зуҳри рӯзи шанбе оташбас барқарор шавад.
Ин нишасти 10 соат тӯл кашид.
Ин дар ҳоле аст, ки пас аз тавофуқи оташбас бар сари минтақаи мавриди муноқишаи Қарабоғ миёни Ереван ва Бокӯ даргириҳо миёни ду тараф дар ин минтақа идома дорад ва ду кишвар якдигарро ба нақзи он муттаҳам мекунанд.