Пекин: Амрико дигар абарқудрат нест
-
Жао Лиҷиян, сухангӯи Вазорати хориҷаи Чин
Сухангӯи Вазорати умури хориҷаи Чин дар нишаст матбуотӣ гуфт, ки Амрико бо хориҷ шудан аз тавофуқҳои байналмилалӣ, дигар абарқудрат нест.
Ба гузориши торнамои шабакаи хабарии “Алолам”, Жао Лиҷиян, сухангӯи Вазорати умури хориҷаи Чин дар нишасти матбуотии ҳафтагии хеш гуфт: “Камтар кишваре дар ҷаҳон моил ба ҳамкорӣ бо Амрико аст”.
Сухангӯи Вазорати хориҷаи Чин дар посух ба суоле дар бораи суханони Майк Пампео, вазири хориҷаи Иёлоти Муттаҳида, ки гуфта буд: “кишварҳои ҷаҳон бо Амрико ҳамроҳ шудаанд”, таъкид кард: “Он чӣ Пампео гуфта, хилофи воқеиятҳои мавҷуд аст ва ҳамон тавр, ки рӯзномаи “Вашингтон пост” чанде қабл навишт, тамоюли Пампео ба тағйири сиёсати хориҷии Иёлоти Муттаҳида ба далели ҷоҳталабиҳои сиёсии худи ӯ аст”.
Вай афзуд: “На танҳо дар Иёлоти Муттаҳида, балки дар саросари ҷаҳон, аз ҷумла байни шарикон ва муттаҳидони Амрико ин бовар вуҷуд дорад, ки имрӯз ин кишвар ба ҳеч ваҷҳ як абарқудрат ба назар намерасад”.
Сухангӯи Вазорати хориҷаи Чин ҳамчунин гуфт: “Иёлоти Муттаҳида бо шиори “Аввал Амрико” ба якҷонибагароӣ ва зӯргӯӣ рӯй оварда, ба хориҷ шудан аз гурӯҳҳои чандҷонибаву тавофуқномаҳо хӯй гирифтаву тамоюли бештаре ба таҳрим кардан дорад. Ин кишвар ба як музоҳим табдил шуда, ки назми байналмилалиро заиф ва қавонини байналмилалиро таҳдид мекунад”.