Октябр 14, 2020 21:14 Asia/Dushanbe
  • Ҳашт кишвар ба раҳбарии Амрико барои истихроҷи маводи маъданӣ аз моҳ тавофуқ карданд
    Ҳашт кишвар ба раҳбарии Амрико барои истихроҷи маводи маъданӣ аз моҳ тавофуқ карданд

Ҳашт кишвар бо раҳбарии Иёлоти Муттаҳида тавофуқномаеро барои истихроҷи маводи маъдании мавҷуд дар кураи моҳ ё ба иборати дигар "моҳхӯрӣ" имзо карданд.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз Спутник, Созмони кайҳоншиносии амрико NASA эълом дошт, ки маросими имзои онлайни ин созишнома бо номи "Артемида" дар доираи Конгресси байналмилалии фазонавард  баргузор шуд.

Илова бар Иёлоти Муттаҳида, Англия,Италия, Канада, Австралия, Япония, Имороти Муттаҳтидаи Арабӣ ва Люксембург низ тавофуқномаи " Артемида"-ро имзо кардаанд.

Дар ин тавофуқнома истихроҷи маводи маъдании мавриди назар қарор гирифтааст ва бар тибқи эъломи НАСА, кишварҳо агарчи ҳаққи эъломи ҳокимият бар бархе манотиқи моҳро надоранд, аммо метавонанд манобеи онро истихроҷ кунанд.