Радди бозгашти “низоми Иморати Толибон” ба Афғонистон аз тарафи Абдуллоҳ Абдуллоҳ
(last modified Fri, 16 Oct 2020 15:22:49 GMT )
Октябр 16, 2020 20:22 Asia/Dushanbe
  • Абдуллоҳ Абдуллоҳ, раиси Шӯрои олии мусолиҳаи миллии Афғонистон
    Абдуллоҳ Абдуллоҳ, раиси Шӯрои олии мусолиҳаи миллии Афғонистон

Раиси Шӯрои олии мусолиҳаи миллии Афғонистон бозгашти низоми иморати Толибонро дар ин кишвар рад кард.

Абдуллоҳ Абдуллоҳ рӯзи ҷумъа эълом кард, ин иштибоҳи муҳосиботӣ аст, ки низоми иморати Толибон бори дигар ба Афғонистон бозгардад, зеро барои мардуми ин кишвар қобили пазириш нест.

Раиси Шӯрои олии мусолиҳаи миллии Афғонистон бо ишора ба раванди музокироти сулҳи ин кишвар дар Қатар афзуд, афзоиши хушунат аз тарафи гурӯҳи Толибон роҳи расидан ба сулҳ нест ва Толибон наметавонад имтиёз бигирад.

Абдуллоҳ Абдуллоҳ таъкид кард, расидан ба тавофуқномаи сулҳ байни давлати ин кишвар ва гурӯҳи Толибон набояд сабаби поймол шудани ифтихороти мардуми Афғонистон шавад ва ҳайати музокиракунандаи давлат дар Қатар намояндаи мардум аст.

Раиси Шӯрои олии мусолиҳаи миллии Афғонистон ҳамчунин хотирнишон кард, масъалаи хуруҷи неруҳои хориҷӣ аз Афғонистон дар шароити кунунӣ матраҳ нест ва дар оянда дар бораи он баҳс хоҳад шуд.

Музокироти сулҳи Афғонистон байни давлати ин кишвар ва гурӯҳи Толибон барои поёни ҷангу даргирӣ дар Афғонистон аз 12 сентябр дар Доҳа, пойтахти Қатар оғоз шудааст, аммо то кунун тарафайн ба тавофуқе нарасидаанд