Арманистон ва ҷумҳурии Озарбойҷон дубора оташбас карданд
(last modified Sun, 18 Oct 2020 05:53:19 GMT )
Октябр 18, 2020 10:53 Asia/Dushanbe
  • Тавофуқи ҷадиди оташбас аз бомдоди 18 октябр оғоз шуд
    Тавофуқи ҷадиди оташбас аз бомдоди 18 октябр оғоз шуд

Арманистон шомгоҳи шанбе аз тавофуқи оташбаси ҷадид бо ҷумҳурии Озарбойҷон хабар дод.

Ба гузориши хабаргузории Райтерз, ин тавофуқи оташбаси ҷадид аз соати 00:00 рӯзи 18-уми октябр оғоз шудааст.

Ин оташбас дар ҳоле эълом мешавад, ки бомдоди шанбеи гузашта тавофуқи оташбас миёни ҷумҳурии Озарбойҷон ва Арманистон дар хусуси минтақаи мавриди муноқишаи Қарабоғи Кӯҳистонӣ бо миёнҷигарии Маскав ҳосил шуд, аммо танҳо чанд соат баъд аз иҷроӣ шудани он, Ераван ва Боку бидини тавваҷуҳ ба тааҳҳудоти худ, ҳамалотеро алайҳи мавозеи якдигар сурат доданд.

Муноқиша миёни ҷумҳурии Озарбойҷон ва Арманистон, ки бар сари минтақаи Қарабоғ дар соли 1988 оғоз ва дар соли 1991 ба даргирии низомӣ табдил шуд, бори дигар аз 28 сентябр бо гушудани оташ ба мавозеи якдигар оғоз шуд ва токунун шуморе аз нерӯҳои тарафайн кушта ё захмӣ шудаанд.

 

БЕШТАР БИХОНЕД:

Иттиҳоми Арманистон ба Ҷумҳурии Озарбойҷон

 

Мухолифати Илҳом Алиев бо оташбас бо Арманистон