Нақзи дубораи оташбас миёни Боку ва Ереван
(last modified Sun, 18 Oct 2020 09:25:01 GMT )
Октябр 18, 2020 14:25 Asia/Dushanbe
  • Арманистон ва ҷумҳурии Озарбойҷони бомдоди имрӯз оташбас карда буданд
    Арманистон ва ҷумҳурии Озарбойҷони бомдоди имрӯз оташбас карда буданд

Арманистон аз инҳидоми 4 тонки ҷумҳурии Озарбойҷон пас аз эъломи оташбаси дубора миёни ду кишвар хабар дод.

Ба гузориши хабаргузории Форс, Шушан Степанян, сухангӯи вазорати дифои Арманистон рӯзи якшанбе эълом кард, ягонҳои низомии артиши ҳукумати худхондаи минтақаи Қарабоғи Кӯҳистонӣ чаҳор тонки ҷумҳурии Озарбойҷонро, ки аз самти ҷануб ҳамла мекарданд, мунҳадим кардааст.

Ӯ афзуд, дар ҷабҳаи ҷанубии минтақаи мавриди муноқишаи Қарабоғи Кӯҳистонӣ, Арманистон теъдоди зиёде паҳпод ва тӯпхона ба кор гирифтааст.

Ин дар ҳоле аст, ки аз бомдоди имрӯз (якшанбе) тавофуқи оташбаси ҷадид миёни ду ҷумҳурии Арманистону Озарбойҷон иҷроӣ шуд, аммо монанди тавофуқи оташбаси аввал, мақомҳои Боку ва Ереван аз ҳамон сооти ибтидоӣ якдигарро ба нақзи тавофуқ муттаҳам карданд.

Вазорати дифои ҷумҳурии Озарбойҷон дар сооти аввалияи имрӯз бо судӯри баёнияе, нерӯҳои мусаллаҳи Арманистонро ба ҳамалоти хумпораӣ ба мавозеи ҷумҳурии Озарбойҷон дар имтидоди хати тамоси минтақаи мавриди муноқишаи Қарабоғи Кӯҳистонӣ муттаҳам кард.

Пеш аз он низ Арманистон бомдоди имрӯз ҷумҳурии Озарбойҷонро ба нақзи тавофуқи оташ‌бас, ки аз сооте қабл иҷроӣ шуда буд, муттаҳам карда буд.

Даври ҷадиде аз танишҳо миёни ҷумҳурии Озарбойҷон ва Арманистон дар таърихи 27 сентябр (6 меҳрмоҳ) дар хусӯси минтақаи мавриди муноқишаи Қарабоғи Кӯҳистонӣ оғоз шуд ва ду тараф якдигарро ба ҳамла ба қаламравҳояшон муттаҳам мекунанд.

 

БЕШТАР БИХОНЕД:

 

Арманистон ва ҷумҳурии Озарбойҷон дубора оташбас карданд

 

Идомаи ҷанг миёни Боку ва Ереван бар сари Қарабоғ

Боку: аз минтақае, ки озод кардем ақиб наменишинем