Коҳиши 40 дарсадии коргарони муҳоҷир дар Русия
(last modified Mon, 19 Oct 2020 14:30:17 GMT )
Октябр 19, 2020 19:30 Asia/Dushanbe
  • Бозгашти коргарони муҳоҷир, Русияро бо камбуди нерӯи кор рӯ ба рӯ кардааст
    Бозгашти коргарони муҳоҷир, Русияро бо камбуди нерӯи кор рӯ ба рӯ кардааст

Шаҳрдори Маскав пойтахти Русия аз коҳиши 40 дарсадии муҳоҷирони корӣ дар ин шаҳр ва камбуди нерӯи кор хабар дод.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз хабаргузории Форс, дар Душанбе, «Сергей Сабянин» шаҳрдори Маскав бо ишора ба маҳдудиятҳои эҷодшуда пас аз ҳамагирии корона гуфт: Мақомоти Маскав талош мекунанд коргарони лозимро аз дигар  манотиқи ин кишвар ба пойтахт ҷазб кунанд.

Сабянин афзуд: Сокинони Маскав барои ҳар коре, ки муҳоҷирон анҷом медодаанд омода нестанд.

Шаҳрдори Маскав ҳамчунин бо ишора ба камбуди коргарони сохтмонӣ дар Русия таъкид кард: русҳо наметавонанд ҷои онҳоро пур кунанд, бинобарин дар сохтмонсозӣ бо камбуди даҳҳо ҳазор коргари сохтмонӣ рӯ ба рӯ ҳастем.

Коҳиши теъдоди муҳоҷирони корӣ дар пойтахти Русия дар паи  ҳамагирии корона ва баста шудани марзҳо мушкилотеро барои рӯсҳо ва мардуми кишварҳои муҳоҷирфирист ба вижа  кишварҳои Осиёи марказӣ эҷод кардааст.