Октябр 20, 2020 12:24 Asia/Dushanbe
  • Коргарони бидуни иҷозатномаи кор ҳам дар Русия хадамот мегиранд
    Коргарони бидуни иҷозатномаи кор ҳам дар Русия хадамот мегиранд

Идораи умури мусулмонони Русия аз ифтитоҳи марокизи кумак ба коргарони муҳоҷири хориҷӣ дар 18 минтақа барои дифоъ аз ҳуқуқи ин афрод ва мутобиқсозии онон бо шароити зиндагӣ дар ин кишвар хабар дод.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садоии Хуросон ба нақл аз сомонаи РИА-Новостӣ, муфтӣ Алберт Курганов гуфтааст ин тарҳ шомили афроде ҳам, ки дар Русия бидуни муҷаввизи кору иқомат ба сар мебаранд хоҳад шуд чаро ки боистӣ ба ҷои ихроҷ, ҷарима ё зиндонӣ кардани ин афрод барояшон шароити мусоиди фаъолияту зиндагӣ дар Русияро фароҳам кард.

Вай таъкид кардааст ба манзури шиносоии ин афрод ба зудӣ сомонаи вижае мавсӯм ба "Муҳоҷирон дар Русия" ба чанд забон аз ҷумла барои коргарони муҳоҷири кишварҳои Осиёи Марказӣ роҳандозӣ хоҳад шуд.

Аз дидгоҳи Курганов ин иқдом муҷиби шиносоии коргарони муҳоҷири бидуни муҷаввиз, ироаи кумакҳои ҳуқуқӣ ба онон барои сабтином, пайдо кардани ҷои кору ҳалли мушкили иқомати онон хоҳад шуд.

Ӯ муътақид аст, ки таъсиси чунин марокизе метавонад заминаи ошноии коргарони муҳоҷир бо қавонини ҳуқуқӣ, фарҳангу одобу русуми мардуми Русияро фароҳам созад ва заминаи омода шудани ин афродро барои зиндагии мусолиматомез дар канори миллиятҳо ва ақвоми мухталиф дар ин кишвар муҳайё кунад. Ҳамчунин  ин барнома метавонад аз гароиши коргарони муҳоҷири хориҷӣ ба гуруҳҳои террористӣ ва ифротӣ, ки аз вазъи номусоиди маъишатӣ ва фарҳангии ин афрод истифода мекунанд, ҷилавгирӣ кунад.

Бештар бихонед:

 

Барчасп