ЮНЕСКО: Мероси Шаҷариён дар дилҳо зинда хоҳад монд
-
Хонум Адрей Азулай, мудири кулли ЮНЕСКО даргузашти устод Шаҷариёнро ба порсигӯёни ҷаҳон таслият гуфт
Мудири кулли ЮНЕСКО дар паёме ба сафир ва намояндаи доими Ҷумҳурии исломии Эрон, дар ин ниҳоди байналмилалӣ даргузашти устод Шаҷариёнро ба ҳамаи форсизабонони ҷаҳон таслият гуфт.
Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, ба нақл аз ИРНА, дар паёми хонуми Адрей Азулай барои Аҳмади Ҷалолӣ, сафир ва намояндаи доими Ҷумҳурии исломии Эрон дар Созмони омӯзишӣ, илмӣ ва фарҳангии Милали Муттаҳид (ЮНЕСКО) омадааст: “Бо андӯҳи фаровон аз даргузашти Муҳаммадризо Шаҷариён огоҳ шудам, даргузашти инсоне ки қалби бисёреро дар Эрон, форсизабонони минтақаву саросари ҷаҳон мутаассир сохт. Аз тарафи ЮНЕСКО ба Шумо, хонаводаи ӯ ва мардуми Эрон самимона таслият мегӯем. Аз дилбастагиатон ба эшон ва сангинии ин фуқдон огоҳам”.
Дар ин паём ҳамчунин таъкид шудааст: “Оқои Шаҷариён тайи беш аз 6 даҳа, бо фазилати ҳунарии худ зебоии шеъри классикии порсӣ, аз ҷумла ашъори Саъдӣ, Ҳофиз, Мавлоно Ҷалолиддини Румӣ, Аттор ва Умари Хайёмро дар партави тозае ба намоиш гузошт. Вай ин имконро барои насли ҷадиди форсизабонон дар кишварҳои мухталиф фароҳам сохт то ҳувияти фарҳангӣ ва мероси муштараки худро боз ёбанд ва бо ин кор пайвандҳои фарҳангии мардумони минтақаро истеҳком бахшид”.
Устод Шаҷариён дар соли 1999 пас аз иҷрои овозии ашъори Умари Хайём дар созмони ЮНЕСКО, ҷоизаи “Пикасо”-и ин созмонро дар сол дарёфт кард.
Ҳамчунин дар соли 2007 медали “Мозарт”-и ЮНЕСКО ба устод Шаҷариён эъто шуд.
Устод Муҳаммадризо Шаҷариён рӯзи 17 меҳри 1399, баробар бо 8 октябри 2020, пас аз солҳо мубориза бо бемории саратон чашм аз ҷаҳон фурӯ баст.
Бештар бихонед:
Мурғи саҳар нола сар кун...Хусрави овози Эрон даргузашт
Паёми таслияти Сафорати Тоҷикистон дар Эрон ба муносибати даргузашти устод Шаҷариён
Мақомоти Эрон даргузашти устод Шаҷариёнро таслият гуфтанд
Сурудаи бонӯи шоири тоҷикистонӣ дар сӯги зиндаёд устод Шаҷариён