Октябр 21, 2020 19:39 Asia/Dushanbe
  • Химикатҳо барои хамираи дандон бо гелҳои тозакунандаи даст маъмуланд
    Химикатҳо барои хамираи дандон бо гелҳои тозакунандаи даст маъмуланд

"Хусусиятҳои зиддимикробии хамираи дандон метавонад аз ибтилои афрод ба бемории коронаро пешгирӣ кунанд, бинобарин замоне, ки мехоҳед аз хона хориҷ шавед, мисвок задан ба пешгирии Ковид -19 кӯмак хоҳад кард", гуфт як дандонпизишки англис.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз ИРНА; Доктор Мартин Эдди аз Донишгоҳи Бристоли Бритониё мӯътақид аст, ки хамираи дандон дорои ҳамон моддаҳои кимиёвӣ мебошад, ки дар гелҳои антисептикӣ истифода мешаванд.
Ин устоди дандонпизишк гуфт: амалкарди зиддимикробии хамираи дандон дар даҳон ба муддати се то панҷ соат боқӣ мемонад ва дар натиҷа боиси коҳиши бори вирусии бузоқ ё уфунатҳои вирусӣ мешавад, ки вориди даҳон мешаванд .
Доктор Эдди таъкид кард : дар сурати вуруди вируси корона ба даҳон, амалкарди зиддимикробии хамираи дандон метавонад ин вирусро аз байн бибарад ё аз таксири он ва ибтило ба беморӣ пешгирӣ кунад .
Вай ёдовар шуд : ҳамчунин хавоси зиддимикробии хамираи дандон дар коҳиши бори вирусӣ дар даҳон аз ибтилои дигарон ба ин беморӣ низ пешгирӣ мекунад.
Ин устоди дандонпизишк  аз мардум  хост, ки ҳар замон мехоҳанд аз хона хориҷ шаванд, мисвок бизананд.

Вай ҳамчунин аз давлати ин кишвар хостааст ба ҳамон равише, ки мардумро ба ниқоб пӯшидан ва шустани мураттаби дастҳо тарғиб мекунад онҳоро ба мисвок задани бештар низ ташвиқ кунад.
Ин устоди Донишгоҳи Бристол ҳамчунин бар истифода аз даҳоншӯй барои аз байн бурдани зарроти вирусӣ даҳон ва ҷилавгирӣ аз интишори он таъкид кард.

бештар бихонед:

Барчасп