Октябр 23, 2020 18:15 Asia/Dushanbe
  • Озарбойҷон бо ҳамапурсӣ дар бораи Қарабоғ мухолифат мекунад
    Озарбойҷон бо ҳамапурсӣ дар бораи Қарабоғ мухолифат мекунад

Даргирии низомӣ миёни артиши ҷумҳурии Озарбойҷон ва Арманистон дар меҳварҳои мухталиф ҳамчунон идома дорад.

Ба гузориши рӯзи ҷумъаи Хабаргузории садо ва симо, Вазорати дифои ҷумҳурии Озарбойҷон эълом кард, панҷшанбешаб артиши Арманистон меҳварҳои Оғдом, Ҳодрут, аз мавозеи таҳти контроли артиши ҷумҳурии Озарбойҷонро бо силоҳҳои мухталиф ва тӯпу хумпора ҳадафи ҳамла қарор доданд.

Бинобар эъломи ин вазоратхона, артиши ҷумҳурии Озарбойҷон ҳам дар вокуниш ба ин ҳамалот, нерӯҳои Арманистонро дар меҳварҳои Фузули, Ҷабраил ва Қабодлӣ ҳадаф қарор додааст.

 

Мухолифати Озарбойҷон бо ҳамапурсӣ дар бораи сарнавишти Қарабоғ  

 

Аз сӯи дигар, раисҷумҳӯри Озарбойҷон баргузории ҳамапурсӣ дар минтақаи Қарабоғ барои таъйини сарнавишти ин минтақаро рад кард.

Илҳом Алиев гуфт: Баргузории ҳамапурсӣ дар замони музокироти қаблӣ дар муноқишаи Қарабоғ миёни тарафҳои даргир (Арманистон - ҷумҳурии Озарбойҷон) матраҳ нашудааст ва ба далели ин ки ҷумҳурии Озарбойҷон дар ҳоли ҳозир бештари манотиқро дар ин муноқиша пас гирифтааст, чунин кореро нахоҳад пазируфт.

Алиев афзуд: Сухан гуфтан дар бораи ҳамапурсӣ дар минтақаи Қарабоғ зуд аст.

Ахиран ду тавофуқи оташбас миёни ҷумҳурии Озарбойҷон ва Арманистон бар сари муноқишаи Қарабоғ ҳосил шудааст, ки дақоиқе баъд аз иҷро шикаст хӯрдааст.

Аз замони оғози даргириҳои ҷадид миёни ҷумҳурии Озарбойҷон ва Арманистон дар 27 сентябр дар минтақаи мавриди муноқишаи Қарабоғ, даҳҳо тан аз шаҳрвандон ва низомиёни ду тараф куштаву захмӣ шудаанд.

 

Бештар бихонед: 

Барчасп