Шарти Илҳом Алиев барои поёни ҷанг дар Қарабоғ
(last modified Sat, 24 Oct 2020 09:00:04 GMT )
Октябр 24, 2020 14:00 Asia/Dushanbe
  • Замони дастёбӣ ба як тавофуқи сиёсӣ фаро расидааст
    Замони дастёбӣ ба як тавофуқи сиёсӣ фаро расидааст

Илҳом Алиев, раисиҷумҳури Озарбойҷон эълом кард, Боку омодааст то дар сӯрати оташбас аз тарафи Арманистон, набардҳо дар Қарабоғро мутаваққиф кунад.

Ба гузориши Спутник, раҳбари Озарбойҷон дар мусоҳиба бо рӯзномаи фаронсавии Фигаро гуфт: "мо омодаи таваққуфи даргириҳо ҳастем. Фақат лозим аст, ки Арманистон оташбас кунад ва сипас ин дипломатҳо ҳастанд, ки бояд иқдом кунанд."

Алиев афзуд, Арманистон бояд усӯли ҳаллу фасли муноқишаи таъин шуда аз сӯи Русия, Фаронса ва Иёлоти муттаҳида ва раисони муштараки гурӯҳи Мински Созмони амният ва ҳамкории Аврупоро бипазирад, ки Озарбойҷон ба гуфтаи вай, қаблан онҳоро пазируфтааст.

Вай қавл дод, ки пас аз он, Боку ба мизи музокира боз хоҳад гашт.

Раисиҷумҳури Озарбойҷон гуфт, замони дастёбӣ ба як тавофуқи сиёсӣ фаро расида аст, аммо вазъияти қаблӣ дигар вуҷӯд надорад ва воқеъияти ҷадидӣ зуҳӯр кардааст.

Мухолифати Илҳом Алиев бо оташбас бо Арманистон

Алиев Арманистонро оғозкунандаи даври ҷадиди даргириҳо дар Қарабоғ донист ва идома дод, кишвараш дар ҳоли озодсозии " сарзаминҳое аст, ки дар сатҳи байналмилалӣ ба унвони манотиқи мутааллиқ ба Озарбойҷон ба расмият шинохта шудаанд".

Раҳбари Озарбойҷон таъкид кард, ки агар арманиҳо оташбас накунанд, мо ба озодсозии сарзаминҳои худ идома хоҳем дод.

Алиев зимни суҳбат дар мавриди ояндаи Қарабоғ гуфт, ки ӯ онро  як минтақаи мураффаҳ ва амни Озарбойҷон медонад, ки дар онҷо озарбойҷониҳо ва арманиҳо дар ҳамоҳангӣ, сулҳ ва шароити обрӯмандона зиндагӣ хоҳанд кард.

 

БЕШТАР БИХОНЕД:

Иттиҳоми Арманистон ба ҷумҳӯрии Озарбойҷон

Иддаои Арманистон дар бораи ҳузури Туркия дар даргирии Қарабоғ

Узрхоҳии Арманистон ва ҷумҳӯрии Озарбойҷон аз Эрон

Оғози бомбаборонҳо ва ҳушдор барои тахлияи шаҳрҳо дар ҷумҳӯрии Озарбойҷон