Октябр 25, 2020 18:35 Asia/Dushanbe
  • Бреннан: Трамп бояд ба Арабистони Саудӣ бо нафрат ба куштори рӯзноманигори мунаққиди Саудӣ Ҷамол Хошоқчӣ муносибат кунад.
    Бреннан: Трамп бояд ба Арабистони Саудӣ бо нафрат ба куштори рӯзноманигори мунаққиди Саудӣ Ҷамол Хошоқчӣ муносибат кунад.

Раиси собиқи Созмони Иттилооти Марказии Амрико "CIA" иқдоми раиси ҷумҳурии ин кишвар барои даъват аз валиаҳди саудиро шармовар хонд.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон раиси собиқи CIA-и ИМА Ҷон Бреннан рӯзи якшанбе дар сӯҳбат бо Yahoo News гуфт: шармовар аст замоне, ки Раиси ҷумҳурии Амрико Доналд Трамп дар мавриди даъват аз валиаҳди Арабистони Саудӣ Муҳаммад бин Салмон барои сафар ба  Вашингтон сухан мегӯяд.

Бреннан илова кард, ки Трамп бояд бо Арабистони Саудӣ бо нафрат ба куштори рӯзноманигори мунаққиди Саудӣ Ҷамол Хошоқчӣ бархӯрд кунад.

"Изҳороти Трамп бори дигар нишон медиҳад, ки вай ният надорад саудиҳо ва валиаҳдро барои куштори ваҳшиёнаи Хошоқчӣ ҷавобгар кунад" гуфт Бреннан.

Суханони Ҷон Бреннан дар ҳоле матраҳ мешавад, ки Трамп рӯзи ҷумъа муддаӣ шуд, пас аз интихоботи раёсати ҷумҳурии сеюми ноябр хоҳони баргузории маросиме барои имзои тавофуқи "Созмш" (Сулҳ) бо Исроил аст, ки Малик Салмон подшоҳи Арабистон ва Муҳаммад Бин Салмон низ дар он ҳузур доранд.

Трамп ҳамчунин гуфт: Ки интизор дорад саудиҳо дар имзои чунин тавофуқ номаҳое ба Имороти Муттаҳидаи Арабӣ, Баҳрайн ва Судон бипайвандад.

Бо вуҷуди иддаоҳои Трамп токунун ҳеч як аз раҳбарони саудӣ омодагӣ барои сафар ба Вашингтон ва имзои тавофуқномаи созиш бо Исроилро унвон накардаанд. Ҳукумати Судон низ дар тадовуми иқдомоти созишкорона бо режими саҳюнистӣ пас аз Иморот ва Баҳрайн, бо тел-Авив расман тавофуқ кард.

Тавтеаи амрикоӣ-саҳюнистӣ "Оддисозии равобити бархе давлатҳои вобаста ба муртаҷаъи арабӣ" бо режими саҳюнистӣ, мунҷар ба вокуниши манфии мардум ва сиёсатмадорони мустақил дар ҷаҳони ислом шудааст.

Бештар бихонед:

Барчасп