Октябр 25, 2020 19:06 Asia/Dushanbe
  • Обама аз Доналд Трамп ба далели нотавонӣ дар назорати бемории ҳамагири Ковид -19 интиқод кард
    Обама аз Доналд Трамп ба далели нотавонӣ дар назорати бемории ҳамагири Ковид -19 интиқод кард

Раиси Ҷумҳурии собиқи Амрико, ҳимояти худро аз муовини собиқаш ва номзади ҳизби Демократи интихоботи раёсати ҷумҳурии ин кишварро бори дигар эълом кард.

Ба гузориши пойгоҳи хабарии Ҳил, Раиси Ҷумҳурии собиқи Амрико Барак Обама  дар гирдиҳамоӣ дар Флорида, ки бо ҳадафи ҷалби ҳимоят аз Ҷо Бойден номзади ҳизби Демократ  дар интихоботи раёсати ҷумҳурӣ баргузор шуда буд гуфт : "Пирӯзии Бойден ба маъноии доштани як «раиси ҷумҳурии оддӣ ва нурмол» барои Амрико аст.

Обама, ҳамчунин аз Раиси Ҷумҳурии Амрико Доналд Трамп интиқод кард ва гуфт: Раиси ҷумҳурӣ намехоҳем, ки мардумро барои интиқод аз ӯ бо зиндон таҳдид мекунад.

Обама дар идома аз Доналд Трамп, ба далели нотавонӣ дар назорати бемории ҳамагири Ковид -19 интиқод кард.

Ин дувумин ҳузури Обама, ба суди  Ҷо Бойден дар раванди интихоботи раёсати ҷумҳурии савуми ноябри имсол 2020 буд.

Обама, пештар низ Трампро барои нотавонӣ дар муқобила бо корона  ҳадафи интиқодоти худ қарор дода буд .
 Амрико, ҳамчунон бештарин  теъдоди мубталоён ба корона ва қурбониёни ин вирус дар ҷаҳонро дорад.

Давлати Амрико, ва мушаххасан Доналд Трамп ба далели бемасъулиятӣ дар қиболи густариши вируси корона дар Амрико ба шиддат мавриди интиқод қарор гирифтааст.


 Бештар бихонед: 

Барчасп