Октябр 25, 2020 20:39 Asia/Dushanbe
  • Теъдоди куштаҳо дар инфиҷори террористии Кобул ба 30 нафар расид
    Теъдоди куштаҳо дар инфиҷори террористии Кобул ба 30 нафар расид

Шумори куштаҳо ва захмиҳои инфиҷори террористии Кобул (пойтахти Афғонистон) дирӯз шанбе афзоиш ёфтааст.

Гузориши хабаргузории Спутники Русия ба нақл аз манобеи Амниятии Афғонистон ҳокист, омори талафоти ҳамлаи инфиҷорӣ ба маркази омӯзишии "Кавсар Дониш" дар ғарби Кобул токунун ба 30 кушта ва 70 захмӣ расидааст.

Бештари манобеи афғон шумори куштаҳоро 18 нафар ва захмиҳоро 60 нафар эълом карда буданд.

Гурӯҳи террористии ДИИШ масъулияти ин инфиҷорро ба ӯҳда гирифтааст.

Барчасп