Боку: Шаҳри Қубодлии Қарабоғро озод кардем
(last modified Mon, 26 Oct 2020 05:52:25 GMT )
Октябр 26, 2020 10:52 Asia/Dushanbe
  • Ҷумҳурии Озабойҷон мегӯяд шаҳри Қубодлии Қарабоғро озод кардааст
    Ҷумҳурии Озабойҷон мегӯяд шаҳри Қубодлии Қарабоғро озод кардааст

Артиши Ҷумҳурии Озарбойҷон мегуяд шаҳри Қубодлӣ дар наздикии марзи Арманистонро дар манотиқи амалиётии Қарабоғ аз ишғоли нерӯҳои арманӣ хориҷ кардааст.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз хабаргузории Форс, Илҳом Алиев- раиси Ҷумҳурии Озарбойҷон якшанбешаб ҳамзамон бо таъиди озодсозии шаҳри Қубодлӣ ба дасти нерӯҳои артиши ин кишвар, аз озодсозии манотиқи Зангилон, Ҷебраил ва чанд рӯсто дар ин манотиқ дар Қарабоғ хабар дод.

Артиши Ҷумҳурии Озарбойҷон тасовире аз озодсозии шаҳри Қубодлиро дар шабакаҳои маҷозӣ мунташир кардааст.

Ин дар ҳоле аст, ки Ҷумҳурии Озарбойҷон ва Арманистон дар баёнияе муштарак эълом карданд, ки аз субҳи душанбе 26 октябр (ба вақти маҳаллӣ ) оташбаси башардӯстона миёни ду тараф барқарор шуд.

Пештар низ ду бор оташбас миёни ду кишвар эълом шуда буд, ки соъате пас аз ба иҷро даромадан, поймол шуд.

 Муноқишаи  Қарабоғ

Муноқишаи Ҷумҳурии Озарбойҷон ва Арманистон бар сари минтақаи Қарабоғи куҳистонӣ дар соли 1988 оғоз ва дар соли 1991 ба даргирии низомӣ табдил шуд, ки дар натиҷаи он минтақаи Қарабоғ ва ҳафт шаҳристони ҳамҷавори он ба контроли нерӯҳои Арманистон даромад.

Даргириҳои ду кишвар бори дигар аз 27 сентябри гузашта бо гушудани оташ ба мавозеъи якдигар оғоз шуда ва ҳамчунон идома дорад.

То кунун бисёре аз кишварҳо аз ҷумла Ҷумҳурии Исломии Эрон хостори таваққуфи даргириҳо ва оғози гуфтугӯ миёни Боку ва Йереван шудаанд.

Бештар бихонед: