Алиев: Русия ирсоли силоҳ ба Арманистонро мутаваққиф кунад
Раиси Ҷумҳурии Озарбойҷон дар гуфтугӯ бо шабакаи телевизеонии Факс Нюз гуфт: Русия ба Арманистон таҷҳизоти низомӣ ирсол мекунад.
Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз хабаргузории Орон нюз; Илҳом Алиев аз давлати Русияи хост кумакҳои низомии ин кишвар ба Арманистон дар ҷанг бо Ҷумҳурии Озарбойҷонро мутаваққиф кунад.
Раиси Ҷумҳурии Озарбойҷон муддаӣ шуд: аз оғози ҷанг миёни Боку ва Ереван бар сари минтақаи мавриди муноқишаи Қарабоғ, нахуствазири АрманистонНикол Пашиниян борҳо аз Русия хостааст низомиёни кишварашро барои ҷанг бо Ҷумҳурии Озарбойҷон эъзом кунад.
Алиев ҳамчунин бидуни ишора ба номи бархе кишварҳо ба онҳо ба хотири мудохила дар даргириҳои Қарабоғ ҳушдор дод .
Вай дар айни ҳол гуфт, ки Чумҳурии Озарбойҷон омодаи гуфтугӯ бо Арманистон барои оташбас дар минтақаи Қарабоғ аст.
Робитаи низомии Русия ва Арманистон
Русия яке аз бузургтарин таъминкунандагони аслаҳаи Арманистон ва ҳамчунин муттаҳиди аслии Ереван дар минтақа аст.
Пештар дар хабарҳо омада буд Русияи мақодире силоҳ аз ҷумла сомонаҳои падофанди ҳавоӣ, тӯпхона ва системаи дифои ҳавоии S-300 ба Арманистон ирсол кардааст.
Даври ҷадиди даргириҳо миёни низомиёни Ҷумҳурии Озарбойҷон ва Арманистон бар сари минтақаи мавриди муноқишаи Қарабоғ, ки аз 27 сентябр оғоз шуда токунун шумори зиёде кушта ва захмӣ аз ду тараф барҷо гузоштааст.
Бештар бихонед :
- Шарти Илҳом Алиев барои поёни ҷанг дар Қарабоғ
-
Алиакбари Вилоятӣ: Манотиқи ишғолии Озарбойҷон бояд тахлия шавад
-
Алиев: Бидуни ақибнишинии Арманистон аз Қарабоғ музокира намекунем