Хашми Амрико аз эҳтимоли содироти мушакҳои эронӣ ба Венесуэла
Намояндаи вижаи Амрико дар умури Эрон хашми худро аз робитаи хуби Ҷумҳурии исломии Эрон ва Венесуэла бо таҳдиди Теҳрон иброз кард.
Эллиот Абрамс (Elliott Abrams) дар гуфтугӯ бо шабакаи амрикоии “Фокс Нюс” зимни ибрози хашм аз равобити густардаи Теҳрону Каракас гуфт: Амрико тамоми талоши худро барои мутаваққиф кардани таомулоти Ҷумҳурии исломии Эрон ва Венесуэла ба кор хоҳад гирифт.
Абрамс ба бархе хабарҳо дар бораи ин ки Венесуэла қасди хариди таслеҳот аз Ҷумҳурии исломии Эронро дорад, ишора кард ва бо ҳушдор ба Теҳрону Каракас гуфт:
- Иёлоти Муттаҳида иҷозаи содироти таслеҳот, аз ҷумла мушак аз Эрон ба Венесуэларо нахоҳад дод ва ҳеч гуна талоши эҳтимолии ҷумҳурии исломиро барои ирсоли мушак ба Венесуэла тоб нахоҳад овард.
Амрико дар моҳҳои ахир тамоми талоши худро ба кор гирифт то монеъ аз поён ёфтани таҳримҳои таслеҳотии Созмони Милали Муттаҳид алайҳи Эрон дар торихи 18 октябр шавад, аммо бо шикаст мувоҷеҳ шуд.
Эрону Венесуэла, ки ҳар ду таҳти таҳримҳои золимонаву ғайриинсонии Амрико ҳастанд, таъкид кардаанд, равобити тиҷории худро бидуни тавваҷуҳ ба фишорҳои Амрико ҳифз хоҳанд кард.
Бештар бихонед:
- Венесуэла: Аз Эрон дарси муқовимат гирифтем
- Қадрдонии раиси ҷумҳурии Венесуэла аз Эрон
- Поёни маҳдудияти таслеҳотии Эрон: паёмҳо ва паёмадҳо