Ноумедии кодри дармонӣ дар Амрико
(last modified Sun, 01 Nov 2020 15:03:54 GMT )
Ноябр 01, 2020 20:03 Asia/Dushanbe
  • Ноумедии кодри дармонӣ дар Амрико
    Ноумедии кодри дармонӣ дар Амрико

Афзоиши шумори мубталоён ба корона дар Амрико, хастагӣ ва ноумедии кодри дармонии ин кишварро мӯҷиб шудааст.

Ба гузориши шабакаи телевизионии Эм Эс Эн Би Си, афзоиши шумораи мубталоёни коронавирус дар Амрико боиси хастагӣ ва ноумедии кормандони тиб дар марказҳои тиббӣ барои назорати ин беморӣ шудааст.

Масъулони бахши дармони Амрико ҳушдор медиҳанд, ба мушоҳидаи маргу мир дар марокизи дармонӣ одат кардаем, аммо акнун марги афрод ба иллати корона ба падидаи рӯзона табдил шудааст.
 
Ин дар ҳоле аст, ки оморҳо нишон медиҳад, Амрико рӯзи шанбе бо доштани 99 ҳазору 321 мубтало ба вируси корона танҳо дар як рӯз, рекорди мубталоёни рӯзонаи корона дар ҷаҳонро шикаст.

Раиси Ҷумҳурии Амрико Доналд Трамп, дар муқобила бо вируси корона нотавон будааст.

Бештар бихонед: