Ноябр 03, 2020 17:19 Asia/Dushanbe
  • Ҷанги Боку ва Ереван аз 27 сентябр то кунун идома дорад
    Ҷанги Боку ва Ереван аз 27 сентябр то кунун идома дорад

Раиси ҷумҳурии Озарбойҷон муддаӣ шуд, артиши кишвараш контроли 8 рустои дигари минтақаи Қарабоғро ба даст гирифт.

Ба гузориши хабаргузории «Ҳақоиқи Қафқоз», Илҳом Алиев, раиси ҷумҳурии Озарбойҷон рӯзи душанбе дар сафҳаи Твиттер навишт: «Артиши ҷумҳурии Озарбойҷон ҳашт русто дар манотиқи Ҷаброил, Зангелон ва Қубодлиро ба контроли худ даровардааст.

Муноқиша миёни ҷумҳурии Озарбойҷон ва Арманистон бар сари минтақаи Қарабоғ дар соли 1988 оғоз ва дар соли 1991 ба даргирии низомӣ табдил шуд.

Дар натиҷаи ин муноқиша, минтақаи Қарабоғ ва ҳафт шаҳристони ҳамҷавори он ба контроли нерӯҳои Арманистон даромад.

Ҷанги Боку ва Ереван ва муноқишаи минтақаи Қарабоғ бори дигар аз 27 сентябр бо кушудани оташ ба мавозеи ду кишвар оғоз шудааст ва ҳамчунон идома дорад.

 


 

Бештар бихонед:

 


 

Барчасп