Ҳамлаи террористии Австрия - баҳонаи Макрон барои такрори исломситезӣ
-
Макрон изҳороти иҳонатомези худро дар бораи Ислом такрор кард
Раиси ҷумҳурии Фаронса дар твите, бори дигар бар мавозеи исломситезонаи худ ба баҳонаи ҳамлаи террористӣ дар Вена, пойтахти Австрия таъкид кард.
Ба гузориши ИРНА, Эммануэл Макрон, раиси ҷумҳурии Фаронса рӯзи сешанбе дар сафҳаи твиттерии худ ба баҳонаи ибрози ҳамдардӣ бо хонаводаи қурбониёни ҳамлаи террористӣ дар Вена, пойтахти Австрия, бори дигар терроризмро ба Ислом нисбат дод.
Макрон дар ин паём муддаӣ шуд, Аврупо ба сахтӣ аз терроризми исломгаро зарба хӯрдааст.
Ҳамзамон бо эъломи афзоиши шумори қурбониёни ҳамлаи террористии душанбешаб дар Вена, пойтахти Австрия, ба 4 нафар мақомҳои расмии ин кишвар, аз боздошти дастикам 2 нафар дар иртибот бо ин ҳамлаи террористӣ хабар доданд.
- Радди пойи ДИИШ дар ҳодисаи террористии Австрия бо 21 куштаву зхмӣ + филм
- Пушти пардаи исломситезии Макрон чӣ мегузарад? + филм
Эммануэл Макрон, раиси ҷумҳурии Фаронса чанде пеш низ дар изҳороте дур аз урфи дипломатӣ ва асоси демократия эълом кард, Фаронса ҳамчунон ба интишори карикатураҳои тавҳиномез ба соҳати паёмбари гиромии Ислом (с) идома хоҳад дод.
Ин изҳороти исломситезонаи Макрон бо интиқодҳову маҳкумиятҳои густардаи мардуми мусулмон, мақомҳову шахсиятҳои ҷавомеи исломӣ дар саросари ҷаҳон мувоҷеҳ шуд.
Дар пайи боло гирифтан ин эътирозот, Макрон бо ақибнишинӣ аз мавозеи қаблии худ таъкид кард, ҳадафи ӯ иҳонат ба Ислому мусулмонон набудаву миёни терроризму ифротигарӣ ва Ислом ва ҷаҳони Ислом тафовут қоил аст.
Бештар бихонед: