Охирин натиҷаҳои интихоботи 2020-и Амрико
Бинобар тозатарин омори натиҷаҳои интихоботи раёсати ҷумҳӯрии 2020 Амрико Ҷу Бойден бо 227 раъйи электрол дар баробари 204 раъйи электроли Доналд Трамп пеш аст.
Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, шабакаи хабарии Факс ниюс, ки ба таври он-лайн(бархат) дар ҳоли гузориши охирин натоиҷи омори панҷоҳу нуҳумини интихоботи Амрико аст, аз пирӯзии Трамп дар иёлатҳои Техасу Огайо низ хабар дод .
Эъломи аввалин натоиҷи ғайрирасмии интихоботи раёсати ҷумҳӯрии Амрико
Бар асоси омори торнамои " маъракаи интихоботӣ " беш аз 102 миллион нафар овозҳои худро пеш аз муҳлат ба сандуқҳо андохтаанд, ки 35 миллиону 923 ҳазору 53 нафари онҳо ба сурати ҳузурӣ ва 65 миллиону 244 ҳазору 687 нафари ҳам аз тариқи почта дар ин интихобот мушорикат кардаанд .
Ҳамчунин ҳануз ороии дархостии пеш аз муҳлати 26 миллиону 858 ҳазору 126 нафар бознагашта аст .
Агарчи ҳануз теъдоди ширкаткунандагони ҳузурӣ дар интихобот мунташир нашуда аст, аммо пешбенӣ мешавад, ки нисбат ба рақобатҳои гузашта мушорикати болотаре сабт шавад .
БЕШТАР БИХОНЕД :