Октябр 13, 2016 17:14 Asia/Dushanbe
  • Идомаи амалиёти полиси Туркия алайҳи ППК ва ҷунбиши Гулен

Расонаҳои хабарии Туркия аз боздошти дастикам 30 тан аз аъзои ҷунбиши "Хизмат" ба раҳбарии Фатҳуллоҳ Гулен дар 17 устони ин кишвар хабар доданд.

Полиси Туркия чаҳоршанбешаб (12 октябр) бо таъйиди ин хабар эълом кард, ки боздоштшудагон муттаҳам ба истифода аз нармафзори "bylock" барои паёмҳои кодгузоришуда ҳастанд.

Боздошти ин идда аз аъзои ҷунбиши "Хизмат" дар идомаи раванди шиносоӣ ва дастгирии ин афрод аз сӯйи нерӯҳои полиси Туркия анҷом шудааст, ки давлати Анқара Фатҳуллоҳ Гулен, раиси ин ҷунбишро сардор ва омили аслии кудатои нофарҷоми 15-уми июл медонад.

Гулен, ки дар табъиди худхоста дар Амрико ба сар мебарад, борҳо ин иддаои давлатмардони туркро рад кардааст, аммо мавҷи боздошти аъзои ин ҷунбиш ҳамчунон идома дорад ва мақомоти ин кишвар дар изҳороти худ ҳамчунон бар зарурати таҳвили Фатҳуллоҳ Гулен аз сӯйи Вашингтон таъкид мекунанд.

Дар ҳамин росто, ахиран раиси ҷумҳурии Туркия тайи суханоне дар вокуниш ба бетаваҷҷуҳии Амрико ба ин дархости Анкара, Вашингтонро ба ҳимоят аз гурӯҳҳои террористӣ муттаҳам кард. Эрдуғон таҳдид кард, агар амрикоиҳо Фатҳуллоҳ Гуленро таҳвили Туркия надиҳанд, Анкара мавозеи дигаре хоҳад гирифт.

Мавлуд Човушуғлу, вазири умури хориҷаи Туркия низ дар Страсбург ва дар вокуниш ба эътирози ҷомеаи Аврупо ба тамдиди вазъияти фавқуллода дар Туркия гуфт, Анкара ба маҳзи ин ки авзоъ дар Туркия ба ҳолати комилан оддӣ бозгардад, ҳолати фавқуллодаро лағв мекунад.

Ҳолати фавқуллода дар Туркия, ки баъд аз кудатои нофарҷоми моҳи июл оғоз шуд, ба тозагӣ ба муддати се моҳ тамдид шуд.

Мунтақидони дохили ва хориҷии Эрдуғон, тамдиди вазъияти фавқуллода дар Туркияро баҳонае аз сӯйи давлати Анкара барои тавҷеҳи сиёсати саркӯб ва боздошти мухолифон ва аз ҷумла аъзои ҷунбиши Гулен ва Ҳизби коргарони Курдистони ин кишвар (ППК) медонанд.

Човушуғлу гуфт, ки Туркия бо "талош барои раҳоӣ аз ҷунбиши Фатҳуллоҳ Гулен, ки кудаторо созмондиҳӣ кард ва дар ҳамаи органҳои давлатӣ нуфуз дорад", маҷбур ба эълом ва тамдиди ҳолати фавқуллода шудааст.

Бузургнамоии ҷунбиши "Хизмат" ва шахси Гулен бо ҳадафи расидан ба ҳисоби мухолифон, аввалин зарурати раҳбарони турк дар эъломи ҳолати фавқуллода аст. Дар баробари ин таҳаррукот, аммо полиси Туркия аз боздошти даҳҳо нафар, аз ҷумла бархе мақомҳои расмии ҳизби тарафдори курдҳо, ба иттиҳоми он чи интишори таблиғоти марбут ба ППК унвон шудааст, хабар дод. Бархе аз боздоштшудагон аз мақомҳои Ҳизби демократӣ-мардумии Курдистон ҳастанд. Давлати Туркия ин ҳизбро муртабит бо медонад, вале мақомҳои ҳизб ин иттиҳомотро рад кардаанд.

Воқеият он аст, ки пас аз шикаста шудани тавофуқи оташбас байни давлати Туркия ва Ҳизби коргарони Курдстони ин кишвар дар тобистони соли гузашта, манотиқи курднишини Туркия аз он замон саҳнаи нооромӣ будааст ва ин вазъият ҳамчунон идома дорад.

Маҳофили сиёсӣ муътақиданд, боздошти мақомоти Ҳизби демократӣ-халқии Туркия бо ҳадафи тхриби ин ҳизб дар арсаи таҳаввулоти ин кишвар ва муаррифии ин ҳизб ба унвони сухангӯи ППК дар ҷомеа аст. Рӯйкарде, ки аз замони касби орои ҳудудан 14 дарсадии ин ҳизб дар интихоботи порлумонии ахири Туркия дар дастури кори ҳизби ҳокими Адолат ва Тавсеа қарор гирифт.

Акнун низ давлат ва Шӯрои амнияти миллии Туркия ба баҳонаи таҳаррукоти ППК ва низ ҷунбиши Гулен, вазъияти фавқуллода дар Туркияро тамдид кардаанд ва бо боздоштҳои густарда саъй дар ба истилоҳ зинда нигаҳ доштани таҳдиди ин гурӯҳҳо ва мавҷи саркӯб дар ҷомеа доранд.

Бархе маҳофили мухолифи давлати Туркия аммо бо ишора ба сиёсати минтақаӣ ва дахолати низоми Туркия дар Сурия ва Ироқ, тасмим ба тамдиди вазъияти фавқуллода дар Туркияро зарурате бархоста аз сиёсати таҳоҷумии давлатмардони турк дар қиболи кишварҳои ҳамсоя медонанд, ки дар пӯшиши фаъолитҳои ППК ва ҷунбиши Гулен рӯи даст гирифта шудааст.