Ноябр 04, 2020 13:17 Asia/Dushanbe
  • Бойден ва Трамп ҳар ду муддаӣ ҳастанд, ки пирӯзи интихобот хоҳанд шуд
    Бойден ва Трамп ҳар ду муддаӣ ҳастанд, ки пирӯзи интихобот хоҳанд шуд

Дар ҳоле, ки ҳануз шумориши овозҳо дар Амрико идома дорад ҳар ду номзади аслии ин интихобот иддаои пирузӣ кардаанд.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз ИРНА, Ҷу Бойден, номзади Демократи интихоботи раёсатҷумҳурии Амрико бомдоди чаҳоршанбе дар як суханронӣ эълом кард, ки дар масири пирузӣ дар интихобот қарор гирифтааст.

Вай идома дод: Мо дар ҳоли ҳозир дар бораи ҷойгоҳ ва вазъияте, ки дар он қарор дорем, ҳисси хубе дорем. Дар масири пирузӣ дар интихобот ҳастем.

Аз сӯи дигар Доналд Трамп, раиси ҷумҳури феълӣ ва номзади ҷумҳурихоҳон дар интихоботи 2020 рӯзи чаҳоршанбе дар ҳисоби корбарии худ дар Тавиттер муддаӣ шуд, ки демократҳо ба дунболи дуздии интихобот ҳастанд.

Шабакаи иҷтимоии Твиттер билофосила ин твитти Трампро пинҳон кард ва бо задани барчасб, онро гумроҳкунанда хонд.

Ба гузориши Факс-Ниюз Бойден токунун 49.7 дарсад ва Трамп низ 48.6 дарсади овози мардумиро касб кардаанд.

Ҳамчунин то ин лаҳза Трамп 213 ва Бойден 238 овози электрониро ба даст овардаанд.

Бештар бихонед:

 

Барчасп