Мақоми интихоботии Русия: Овозгирии постӣ нуқтаи заъфи интихоботи Амрико аст
(last modified Thu, 05 Nov 2020 13:01:02 GMT )
Ноябр 05, 2020 18:01 Asia/Dushanbe
  • Мақоми интихоботии Русия: Овозгирии постӣ нуқтаи заъфи интихоботи Амрико аст

Муовини Комиссиони марказии интихоботи Русия, "овозгирии постӣ" (почта)-ро нуқтаи заъфи интихоботи Амрико унвон кард.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, Николай Булаев- муовини Комиссиони марказии интихоботи Русия, рӯзи чаҳоршанбе дар мусоҳиба бо "РИА-Новостӣ" гуфт: Овозгирӣ бо пост нуқтаи заъфи интихоботи раёсатҷумҳурии Амрико аст.

Булаев бо баёни ин ки таъмини шафофияти овозгирӣ ва пазируфтани натиҷаҳои интихобот дар шароити овозгирӣ бо пост душвор аст афзуд: Дар Амрико овозгирӣ бо пост ба таври густарда анҷом мегирад ва бисёре аз касоне, ки ин равандро арзёбӣ мекунанд, онро ғайришаффоф ва машкук мехонанд.

Дар Амрико афроде, ки моил нестанд барои овоз додан дар интихобот пои сандуқҳои овоз ҳозир шаванд, иҷоза доранд дар қолаби овозгирии ғиёбӣ ( Absentee ballot ) дар интихобот ширкат кунанд.

Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Амрико ҳамвора мухолифати худро бо овозгирии постӣ эълом карда ва муддаӣ шудааст, дар ин навъи овозгирӣ имкони тақаллуби густарда вуҷуд дорад.

Ҷо Бойден, номзади Ҳизби демокрот, аммо аз ин шуюъи овозгирӣ ҳимоят кардааст.

Интихоботи раёсатҷумҳурии Амрико, сеюми ноябр баргузор шуд.

Бар асоси охирин гузоришҳо, Ҷо Бойден, номзади Ҳизби демократ дар овозҳои "Электрол колеҷ" аз Трамп пеш аст.

Дар системаи интихоботи раёсатҷумҳурии Амрико, раиси ҷумҳури ин кишварро аъзои « Электрол колнҷ », ки теъдодашон 538 нафар аст интихоб мекунанд.

Дар ин раванд, ҳар номзади раёсатҷумҳурӣ барои пирӯзӣ дар интихобот бояд ҳаддиақал 270 овози электролро бадаст оварад.

Бештар бихонед: