Ноябр 06, 2020 21:06 Asia/Dushanbe
  • Мубтало шудани Путин ба бемории ларзонак рад шуд
    Мубтало шудани Путин ба бемории ларзонак рад шуд

Димитрий Песков имрӯз (ҷумъа) эълом кард, ки иддао дар хусуси қасди Путин барои канорагирӣ аз мақоми раиси ҷумҳурии Русия дурӯғи маҳзу беасос аст.

Ба гузориши хабаргузории РИА Новости, пойгоҳи хабарии “Дейли мейл” ба нақл аз бархе манобеъ дар Маскав муддаӣ шуда буд, ки Владимир Путин ба паркинсон мубтало шудаву дар моҳи январи соли ҷадиди мелодӣ (ду моҳи дигар) канорагирӣ хоҳад кард.

Песков бо ишора ба ин иддао афзуд, раиси ҷумҳурии Русия дар вазъи хубе қарор дорад ва дар саломатии комил басар мебарад ва Путин қасд надорад аз мақоми раиси ҷумҳурии Русия канорагирӣ кунад.

Ин аввалин бор нест, ки гумонзаниҳое дар бораи ибтилои Путин ба паркинсон матраҳ мешавад. Қаблан бархеҳо ба ғайриоддӣ шудани ҳаракоти ду дасти Путин ва заъфи ҳаракати дасти рости вай ишора карда буданд, ки метавонад аз нишонаҳои паркинсон бошад.

 

Барчасп