Ноябр 07, 2020 22:33 Asia/Dushanbe

Ҷо Бойден бо касби 290 раъйи электрол дар баробари танҳо 214 раъйи Доналд Трамп, ба унвони чилу шашумин раиси Ҷумҳурии Амрико интихоб шуд.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, хабаргузории Осушейтед Пресс низ, ки аз мӯътабартарин расонаҳои Амрико дар заминаи эъломи ахбори интихоботи ин кишвар аст аз пирӯзии Бойден дар ин интихобот хабар дод.

Шабакаи Факс Нюз ҳам лаҳазоте пеш теъдоди орои электроли Бойденро 290 раъй эълом кард.

Ҳар номзаде, ки муваффақ ба касби 270 раъйи электрол мешавад, метавонист дар интихоботи раёсати Ҷумҳурии Амрико пирӯз шавад.

Бо пирӯзии Бойден, хонум Камала Ҳарис низ ба унвони аввалин зан ва аввалин рангинпӯст, ба унвони муовини раиси Ҷумҳурии ин кишвар баргузида шуд.

Барчасп