Таҳлил: Эъломи пирӯзии Ҷо Бойден дар интихоботи раёсатҷумҳурии Амрико
Саранҷом пас аз чаҳор рӯзи кашмакаши шадиди сиёсӣ дар Амрико, расонаҳои аслии ин кишвар, Ҷо Бойден, номзади Ҳизби демократ дар интихоботи раёсатҷумҳурии соли 2020-ро ба унвони чиҳилу шашумин раиси ҷумҳури Амрико эълом карданд.
Бойден бо пирӯзӣ дар иёлати муҳими Пенсилвания, ба 273 овози электрол аз маҷмуи 538 овоз расид ва тавонист унвони раиси ҷумҳури баъдии Амрикоро аз они худ кунад.
Дар ҳоле, ки Ситоди интихоботии Доналд Трамп, номзади ҷумҳурихоҳон ва раиси ҷумҳури кунунии Амрико, ин эъломи пирӯзиро зудҳангом тавсиф ва бори дигар таъкид кард шикоёт алайҳи раванди интихоботи раёсатҷумҳуриро дар маҳокими қазоӣ дунбол хоҳад кард.
Бо ин ҳол бо тавваҷуҳ ба фосилаи зиёд миёни овозҳои мардумӣ ва электроли Бойден бо Трамп, дур аз интизор хоҳад буд, ки сарнавишти панҷоҳу нуҳумин интихоботи раёсатҷумҳурии Амрико тағйир кунад.
Аз ин рӯ қобили интизор хоҳад буд, ки Бойден аз рӯзи бистуми январи соли 2021, расман идораи Амрикоро дар даст бигирад, кишваре, ки аз корона, даргириҳои нажодӣ ва шикофҳои амиқи сиёсӣ-иҷтимоӣ ранҷ мебарад.
Аслитарин омили шикасти Трамп низ нотавонии вай дар мудирияти буҳрони корона тавсиф шудааст. Дар рӯзҳое, ки сиёсатмадорони амрикоӣ бар сари касби овози электрол бештар рӯ дар рӯи якдигар шамшир кашида буданд, мизони ибтило ба корона таи як шабонарӯз аз 120 ҳазор тан гузашт ва теъдоди ҷонбохтагон низ рақами 240 ҳазор танро пушти сар гузошт.
Дар ҳоли ҳозир миллионҳо амрикоӣ ба далели шуюъи вируси корона бекор ҳастанд ва бисёре аз касбу корҳо баста шудаанд.
Касрии буҷети давлати федерал ба рақами боварнакардании се триллион доллар расида ва қарзи давлати федерал низ аз рақами ҳайратангези 27 триллион доллар гузаштааст.
Ҳамзамон, Амрико моҳҳо даргири ошубҳои шадиди нажодӣ бар сари кушта шудани теъдоде аз шаҳрвандони сиёҳпӯст тавассути маъмурони полиси сафедпӯст будааст.
Ҳамчунин шикофҳои сиёсӣ-иҷтимоӣ дар ин кишвар ба фарохтарину амиқтарин ҳадди худ расида ва бархе ҳатто аз шуришҳои иҷтимоӣ ё навъе ҷанги дохилӣ дар ин кишвар сухан ба миён меоваранд. Ин дар ҳоле аст, ки идомаи ҷидолҳо миёни ҷумҳурихоҳон ва демократҳо бар сари натиҷаи интихоботи 2020, Амрикоро дар вазъияти баде қарор додааст.
Ин вазъият то ҷое нигаронкунанда шудааст, ки фарде ҳамчун Ҷон Болтон, мушовири собиқи амнияти миллии Доналд Трамп низ мегуяд: Иёлоти Муттаҳида нисбат ба чаҳор соли гузашта ва пеш аз рӯи кор омадани давлати Доналд Трамп, ноамнтар шудааст.
Дар хориҷ аз марзҳои Амрико низ ошубу ҳарҷу мараҷ бар сиёсати хориҷии ин кишвар ҳоким шудааст. Хуруҷи Амрико аз чанд даҳ паймону тавофуқи дуҷониба, чандҷониба ва байналмиллалӣ дар замони раёсатҷумҳурии Трамп, муҷиби хашми муттаҳидони Амрико шудааст.
Ҳамчунин сиёсатҳои шикастхурдаи давлати Трамп дар баробари кишварҳое ҳамчун Русия, Чин, Эрон, Венесуэла ва Кореяи Шимолӣ, анбуҳе аз мушкилотро пеши рӯи раиси ҷумҳури баъдии Амрико хоҳад гузошт.
Бойден дар дохил аз марзҳо бо ҷомеъае дупора, хашмгин ва сархурда мувоҷеҳ аст ва дар хориҷ аз марзҳо бо кишварҳои асабонӣ аз аҳдшиканиҳо ва худмеҳвариҳои Амрико мувоҷеҳ аст.
Ғалаба бар ҳар кадом аз ин мушкилот, энержии фаровонеро аз давлати баъдии Амрико хоҳад гирифт зимни ин ки мушаххас нест, ки дар оянда Бойден то чи андоза тавон ё иродаи амал ба ваъдаҳояш дошта бошад.
Бештар бихонед: