Мавҷи паноҳҷӯён дар Туркия
Оморҳо аз ҳузури панҷ миллион муҳоҷир дар Туркия ҳикоят дорад, ки фақат ҳудуди як миллион нафар аз онон соҳиби дафтарчаи иқомат ҳастанд.
Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, дар ҳоле ки ҳушдорҳои Туркия ба Иттиҳодияи Аврупо дар бораи паноҳҷӯён нодида гирифта мешавад, охирин омор аз ҳузури панҷ миллион муҳоҷир дар ин кишвар ҳикоят дорад, ки наздик ба се миллион нафар аз онҳо атбои Сурия ва таҳти ҳифозати муваққат ҳастанд.
Пеш аз ин, Раиси Ҷумҳурии Туркия Раҷаб Тайиб Эрдуғон, гуфтааст, ба ин далел ба паноҳҷӯён иҷоза дода шуда аз Туркия ба аврупо бираванд, чун ин кишвар дигар наметавонад пазироии мавҷи ҷадиди паноҳҷӯёне бошад, ки аз Сурия овора шудаанд.
Бар асоси тавофуқи Иттиҳодияи Аврупо ва Туркия дар соли 2015, паноҳҷўёне, ки худро ба Юнон мерасонанд дар сурате, ки тақозои паноҳандагии онҳо рад шавад, ба Туркия бозгардонда мешаванд.
Дар муқобили ҳар паноҳҷуе, ки аз Юнон ба Туркия бозгардонда мешавад, як паноҳҷуи Сурияи сокини урдугоҳҳои Туркия ба кишварҳои аврупоӣ фиристода мешавад.
Туркия чандин бор аз масъулони Иттиҳодияи аврупоӣ дархости ҳимояти молӣ дошта, ки бархе коршиносон онро боҷхоҳии Анкара тавсиф кардаанд .