Оё Амрико ба самти ҷанги дохилӣ пеш меравад?
Бо идомаи муноқишаи бесобиқаи сиёсӣ бар сари натоиҷи интихоботи раёсати ҷумҳӯрии 2020-и Амрико , чашмандози шурӯи ҷангии сиёсӣ ё ҳатто низомӣ дар Амрико шиддат гирифта аст.
Доналд Трамп Ҷуниор, писарии калонии раиси ҷумҳӯрии Амрико дар Тветтер навишт: Беҳтарин кор барои ояндаи Амрико ин аст, ки Доналд Трамп вориди ҷанги тамомайёр бо ин интихоботи саросар тақаллуб,дағалкорӣ, дорои овоздиҳандагони мурда ва хориҷ аз иёлат, ки беш аз ҳад ҳам тӯлонӣ шуда, бишавад.
Стефен Баннон, мушовири аршади пешини Доналд Трамп низ дар як барномаи телевизиюнии интерентӣ гуфт: Ман дӯст доштам ба даврони қадим бармегаштам ва барои ҳушдор ба бюрократҳо дар давлати федерал , сари доктор Энтони Фоучи ва Кристофер Врай-мудӣри ФБР-ро мебуридам ва сарҳои онҳоро дар ду гӯшаи Кохи Сафед қарор медодам.
Ин суханон нишон медиҳад, Трамп ва ҳомиёни мутаъассиби вай худро барои як ҷанги густарда ва ҳатто хунин бо ончи "ташкилоти фосид " дар Амрико мехонанд , омода кардаанд . Албатта шахси Доналд Трамп дар тветҳо ва суханрониҳои гуногуни худ , ҳамчунон бар масири шикоят аз шеваи баргузории шумориши оро дар додгоҳҳо таъкид дорад. Вай дар як мусоҳибаи матбуотӣ итминон дод, ки қозиёни Девони олии федерол дар ниҳоят овозҳои ба гуфтаи вай тақаллубиро ботил ва пирӯзии номзади ҷумҳурихоҳон дар интихоботи раёсати ҷумҳуриро тасдиқ хоҳанд кард .
Бо ин ҳол ин савол дар маҳофили сиёсиву расонаӣ ва ҳатто дар миёни мардуми Амрико борҳо пурсида шуда аст, ки агар дар ниҳоят Девони олии федерол низ ба идомаи раёсати ҷумҳурии Трамп овоз надод, вокуниши тарафдорони башиддати мутаъассиби вай чӣ хоҳад буд?
Далелҳо нишон медиҳад, ки Амрико дар ҳоли гузар аз " ҷанги сарди дохилӣ " ба " ҷанги гарми дохилӣ " аст . Ин " ҷанги сарди дохилӣ " аз солҳо пеш , ҳатто пеш аз вуруди Трамп ба Кохи Сафед дар январи 2017 оғоз шуда буд, замоне ки муҳофизакорон ва либералҳои амрикоӣ, хештандории сиёсиро канор гузоштанд ва барои канор гузоштани якдигар аз саҳнаи сиёсати Амрико , вориди майдон шуданд.
Ин зӯрозмоӣ , ҷараёне ки баъдҳо ба трампистҳо шӯҳрат ёфт , дар интихоботи 2016 рақибро таҳти унвони ташкилоти фосиди ҳоким бар Амрико ба ҳошия ронд . Акнун навбати рақибони трампистҳо шуда аст, ки дар интихоботи 2020 бо ба кор гирифтани тамоми абзорҳои қудрат , аз қонунҳои интихоботӣ то ҷомеъаи иттилоотӣ ва расонаҳо , Трампу ҳомиёнашро аз саҳна хориҷ кунанд.
Ин ҳисобу китобҳои сиёсӣ-эдеологӣ , Амрикоро дар вахимтарин вазъияти сиёсии пас аз поёни ҷанги дохилӣ дар соли 1864 қарор дода аст. Дар муддати беш аз 150 соли ахир , ҳеч гоҳ ҷомеъаи Амрико ин андозаи мутафарриқ , аз ҳам гусехта ва мамлу аз кинаву нафрат ва хашм набуда аст.
Дар ин миён, як иштибоҳ аз сӯи яке аз тарафҳо метавонад оташи ҷангро дар ин кишвар шуълавар созад. Ҳарчанд ки ба лиҳози таҳаввулоти сиёсӣ-иҷтимоӣ дар Амрико имкони такрори ҷанги дохилии нимаи қарни нӯздаҳум қобили интизор нест; бо ин ҳол пешбинӣ мешавад ҷанг бо абзорҳои модерн дар ин кишвар аз роҳ бирасад; магар ин ки сиёсатмадорони амрикоӣ , душманиро канор гузошта ва бар рӯй гусалҳои амиқи сиёсӣ-иҷтимоӣ дар ин кишвар , пул бисозанд , раванде ки бисёр душвор ё ҳатто ғайримумкин ба назар мерасад .
бештар бихонед :
-
Гузориши вижа: Талоши Трамп барои эъмоли нуфуз дар интихоботи раёсти Чумҳурии Америка
-
Охирин натиҷаҳои интихоботи 2020-и Амрико