Ноябр 09, 2020 15:04 Asia/Dushanbe
  • Эътирози мардуми Афғонистон ба сиёсатҳои ҷангталабонаи Вашингтон
    Эътирози мардуми Афғонистон ба сиёсатҳои ҷангталабонаи Вашингтон

Мардуми Афғонистон дар эътироз ба сиёсатҳои ҷангталабонаи Вашингтон, муқобили сафорати Амрико дар Кобул тазоҳурот карданд.

Сарони ақвоми вилояти Нангарҳор дар шарқи Афғонистон дар эътироз ба сиёсатҳои ҷангталабонаи Вашингтон дар Афғонистон ба шаҳри Кобул омаданд ва дар муҷовирати сафорати Амрико дар ин шаҳр таҷаммуъ ва хаймаҳои эътирозӣ барпо карданд. Ин тазоҳуроти мусолиматомез бо дахолати полиси Афғонистон ба хушунат кашида шуд.

Муътаризин дар зишт шумурдани ҷанг ва идомаи он тавассути низомиёни террористи амрикоӣ дар Афғонистон, плокордҳоеро бо ановини “Амрико фавран оташбас кун”, “Амрико ҷангро хатм кун” ва “Амрико масъули ҷанги Афғонистон аст” ҳамл мекарданд.

Тазоҳуроти мардуми вилояти Нангарҳор дар муҷовирати сафорати Амрико дар Кобул дар эътироз ба сиёсатҳои ҷангталабонаи ин кишвар дар Афғонистон нишон аз хашми мардум аз паёмадҳои ҳузури Амрико ва НАТО дар кишварашон аст.

Паёмадҳои ҳузури Амрико дар Афғонистон

Ҳузури Амрико ва муттаҳидонаш дар наздик ба ду даҳа дар Афғонистон натиҷае ҷуз куштори мардум ва вайронӣ барои ин кишвар надоштааст ва дар ҳоли ҳозир низ идомаи ишғоли Афғонистон бузургтарин таҳдиду осеб барои музокироти байналафғонӣ ва раванди сулҳ бо Толибон аст.

Пас аз он ки Амрико дар феврали гузашта бо Толибон дар Қатар тавофуқномаи сулҳ имзо кард, мардуми Афғонистон интизор доштанд Кохи Сафед ин бор ба манзури исботи иддаоии худ дар кумак ба барқарории субот дар ин кишвар ба тааҳҳудоти худ дар ин тавофуқ, ба хусус хуруҷи комили нерӯҳои хориҷӣ то поёни соли 2020 мутааҳҳид бошад ва бандҳои мухталифи онро иҷро кунад.

Бунбаст дар тавофуқи сулҳ байни Амрико ва Толибон

Бо гузашти ҳудуди ҳашт моҳ аз имзои тавофуқи сулҳ байни Амрико ва Толибон аммо ин кишвар гоме дар масири мутолибаи аслии ин гурӯҳ барои хориҷ кардани низомиёни хориҷӣ барнадоштааст ва ҳамин масъала муҷиб шуда то гуфтугӯҳои байналафғонӣ, ки давлати Қатар онро мизбонӣ мекунад, бо бунбаст мувоҷеҳ шавад.

Дар матни ин тавофуқнома Амрико мутааҳҳид шудааст, ки дар 135 рӯзи аввал теъдоди низомиёни худ дар Афғонистонро ба 8600 нафар коҳиш диҳад ва хуруҷи ҳамаи нерӯҳои боқимонда аз ин кишварро тайи нуҳуним моҳи боқимонда (дар охири соли 2020) такмил кунад.

Давлати Амрико бо идомаи бадаҳдӣ дар масири иҷрои тааҳҳудоти худ дар тавофуқи сулҳ бо Толибон, талошҳо дар Афғонистон барои хотимаи ҷангу барқарории оромиш дар ин кишвар, пас аз гузашти ду даҳаи хушунат ва даргириро ба заъф кашондааст .

Гирд омадани шуморе аз мардуми вилояти Нангарҳор дар муҷовирати сафорати Амрико дар Кобул дар эътироз ба сиёсатҳои ҷангталабонаи Вашингтон дар Афғонистон ва эҷоди монеа дар раванди барномаи оштии миллӣ ин гамонаро тақвият кардааст, ки эҳтимолан ин гуна эътирозҳо ба идомаи ҳузури мухарриби нерӯҳои хориҷӣ дар Афғонистон фарогир шавад.

Аз назари мардуми Афғонистон, шароити фароҳамшуда барои истиқрори сулҳ дар кишварашон аз тариқи мувофиқати Толибон бо баргузории музокироти байналафғонӣ фурсате муносиб барои поён додан ба солҳо ҷангу хушунат дар ин кишвар аст, ки идомаи сиёсатҳои якҷонибагароёнаи Кохи Сафед ва коршиканӣ дар масири пешрафти ин гуфтугӯҳо аз тариқи адами иҷрои тааҳҳудоти худ дар тавофуқномаи сулҳи Толибон муҷиби аз байн рафтани талошҳо барои барқарории оташбаси доимӣ аст.

Дар шароите, ки мардуми Афғонистон ба хубӣ аз рӯйкарди фиребкоронаи Амрико дар монеътарошӣ барои поёни ҷанг дар он кишвар огоҳ ҳастанд, адами тағйири ин сиёсати Вашингтон мумкин аст ба қиёми умумӣ алайҳи нерӯҳои хориҷӣ табдил шавад.

Бештар бихонед:

Сулҳи амрикоии Афғонистон ва идомаи ҷанги хонмон‌сӯз

Гузориши вижа: Ҷанг дар Афғонистон натиҷаи завоёи пинҳони музокироти Амрико бо Толибон

Бенатиҷа мондани нишасти намояндагони давлати Афғонистон ва Толибон 

 

Барчасп