Имрон Хон барои бузургдошти аллома Иқбол аз " Аалии Шариатӣ" мадад гирифт
Нахуствазири Покистон бо баҳрагирӣ аз суханони доктор Алии Шариатӣ, равшанфикру ҷомеъашиноси машҳури эронӣ зодрӯзи аллома Муҳамадиқболи Лоҳурӣ, мутафаккиру шоири инқилобии покистониро гиромӣ дошт.
Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз ИРНА, Имрон Хон рӯзи душанбе ба муносибати солрӯзи валодати аллома Иқболи Лоҳурӣ, шоиру файласуфи покистонӣ суханони доктор Алии Шариатӣ, нависандаи эронӣ ва назарияпардози инқилоби исломиро дар бораи иқбол твитт кард.
Нахуствазири Покистон дар васфи Иқболи Лоҳурӣ ба нақл аз доктор Шариатӣ навишт: Ӯ як орифи бузург бо руҳе пок, таҳаввулёфта аз моддиёт ва дар айни ҳол инсоне аст, ки ба илм, пешрафти фанноварӣ ва пешрафти ақли башарият дар асри мо эҳтиром мегузорад.
Муҳамадиқболи Лоҳурӣ, файласуф ва сиёсатмадори покистонӣ маъруф ба ҳакими уммат буд, ки озодӣ ва адолатро муҳимтарин гумшудаи зиндагии башар медонист.
Иқболи Лоҳурӣ ҳамчунин шоири миллии Покистон аст, ки ба далели ашъори форсии худ аз маҳбубияти зиёде дар Эрон ва кишварҳои форсизабон бархурдор аст.
Ӯ тавонист андешаи бедории исломиро, ки пештар ба василаи муслеҳони иҷтимоӣ эҷод шуда буд дар зеҳни мусулмонон бедор кунад ва ингуна номи хешро ба унвони яке аз равшангарони исломӣ ба сабт бирасонад.
Алии Шариатӣ низ устоди таърих, суханрон, нависанда, исломшинос, ҷомеъашинос ва пажӯҳишгари динии аҳли Эрон, аз муборизону фаъолони мазҳабӣ ва сиёсӣ ва аз назарияпардозони инқилоби исломии Эрон буд, ки дар соли 1977 ба тарзи машкуке дар Лондон даргузашт.
Бештар бихонед:
-
Васфи соддазистии Имом Хумайнӣ (раҳ.) дар баёни нахуствазири Покистон
- Интиқоди Имрон Хон аз раиси ҷумҳури Фаронса