Даъват ба кори муҳандисону меканикҳои тоҷик дар Бриянскии Русия
Корхонаҳои сохти таҷҳизоти роҳи оҳан дар Бриянскии Русия ба унвони минтақаи асосан саноатии ин кишвар аз муҳандисон, меканикҳо ва мутахассисони тоҷикистонӣ даъват ба кор кард.
Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз сомонаи Спутник, сафорати Русия дар Душанбе бо интишори рӯйхатти ниёзмандиҳои устони Бриянскӣ аз шаҳрвандони Тоҷикистон, ки дар ин заминаҳо тахассус доранд хостааст барои эъзом ба ин минтақа сабтином кунанд.
Дар устони Бриянскӣ корхонаҳои бузурги сохти вагонҳои роҳи оҳан, ҷарасақилҳо, кашандаҳои қатор ва анвоъи комбайн фаъолият мекунад, ки ба шиддат ниёзманди ҷазби мутахассис аст.
Гуфта мешавад, ки ба шаҳрвандони Тоҷикистон, ки бар асоси ин ниёзмандӣ ба ин минтақа эъзом мешаванд дар муддате кӯтоҳ шаҳрвандии русӣ эъто хоҳад шуд.
Дар Русия барномаи вижаи эъзоми мутахассисон аз кишварҳои хориҷӣ аз ҷумла Осиёи Марказӣ вуҷуд дорад, ки нерӯи кори мутахассисро барои фаъолият дар бахшҳои саноатӣ ва кишоварзии ин кишвар ҷазб мекунад.
-
Муҳоҷирати бештари шаҳрвандони ҷӯёи кори кишварҳои Осиёи Марказӣ ба Русия
- Ифтитоҳи марокизи кумак ба коргарони муҳоҷир дар 18 минтақаи Русия
- Афзоиши муҳоҷирати шаҳрвандони Тоҷикистон, ки дар хориҷа кор мекунанд